Ин даста сарфи назар аз натиҷаи ду бозии охирини худ дар сафар (6-уми декабр бо «Парвоз» ва 9-уми декабр бо «Хуҷанд»), пешакӣ ба медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон соҳиб шуд.
«Регар» ТадАЗ дар бозии 18-уми худ бар тими меҳмон – «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 2 пирӯзӣ ба даст овард. Хуршед Маҳмудов се гол ва Аббос Абдуллоев ду гол ба самар расонданд. Ду голи «ХИМА»-ро Ҷамшед Ҳабибуллоев ва Сӯҳроб Ҳамидов вориди дарвозаи тими ғолиб карданд.
Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 18 дидор пирӯз шудааст, бо 54 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 48 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад ва новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ, ки рӯзи 6-уми декабр дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» баргузор мегардад, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад.
Дастаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа - «Тоҷиктелеком» ва «Вахш», ки бо 34-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севвуму чаҳорумро касб кардаанд, муддаъиёни медалҳои биринҷии мусобиқот мебошанд. Соҳиби ҷоизаи севвум дар даври охирин рӯзи 9-уми декабр муайян хоҳад шуд. Дар ин рӯз «Тоҷиктелеком» дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш» бо «Динамо»-и Душанбе рақобат мекунанд.
«ХИМА», ки бо 30 имтиёз дар ҷои панҷум аст, дар даври охирин дар ноҳияи Панҷ бо «Саройкамар» зӯрозмоӣ хоҳад кард. Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеъи «ХИМА»-ро дар ҷадвал тағйир нахоҳад дод. Ва аммо ҳисоби мусовӣ ё пирӯзӣ дар ин дидор ба «Саройкамар» имкон медиҳад, ки аз зинаи охирин – 11-ум ба ҷои даҳум барояд.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот чунин аст:
1 | «Регар» ТадАЗ | 54 имтиёз | 18 бозӣ |
2 | «Парвоз» | 48 | 19 |
3 | «Тоҷиктелеком» | 34 | 19 |
4 | «Вахш» | 34 | 19 |
5 | «ХИМА» | 30 | 19 |
6 | «Хуҷанд» | 26 | 19 |
7 | CSKA «Помир» | 22 | 20 |
8 | «Динамо» | 22 | 19 |
9 | «Энергетик» | 18 | 19 |
10 | «Гвардия» | 6 | 20 |
11 | «Саройкамар» | 6 | 19 |