Мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.
Муддаъии аслии унвони қаҳрамонӣ - дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии 17-уми худ низ бар тими меҳмон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд.
Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари «Регар» ТадАЗ ҳисобро дар дақиқаи иловагии қисми аввал боз кард. Вале дар дақиқаи 59-ум ғайричашмдошт тӯби ба дарвозабони дастааш Алишер Додов равонкардаи ҳимоятгар Наим Носиров вориди дарвозаи тими мизбон гардид. Ҳисоб баробар шуд – 1:1. Ва, ниҳоят, дар дақиқаи 65-уми бозӣ ҳамлагари «Регар» ТадАЗ Аббос Абдуллоев тӯби аз канори чапи майдон ба ҷаримагоҳ ҳавододаи нимҳимоятгар Алишер Ҳақбердиевро моҳирона вориди дарвозаи меҳмонон карда, ғалабаи дастаашро бо натиҷаи 2:1 таъмин намуд.
Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ «Динамо»-и Душанберо бо ҳисоби калони 6:0 шикаст дод. Бозии «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо тими меҳмон – «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ бо 51 имтиёз аз 17 дидор дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ду бозӣ бештар анҷом додааст, бо 48 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Ҳарду даста барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош меварзанд. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки «Регар» ТадАЗ, бешак, барои шашумин бор соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот хоҳад шуд. Зеро барои ин даста ҷиҳати дарёфти унвони қаҳрамонӣ ҳамагӣ як хол кофист.
Бозии навбатии «Регар» ТадАЗ рӯзи якшанбеи 2-юми декабр бо «ХИМА» дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Сипас ду бозии охиринашро «Регар» ТадАЗ дар сафар 6-уми декабр бо «Парвоз» ва 9-уми декабр бо «Хуҷанд» анҷом медиҳад.
Дастаҳои «Тоҷиктелеком» ва «Вахш» бо 34-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севвуму чаҳорум ва «ХИМА» бо 30 имтиёз дар ҷои панҷум қарор гирифтаанд. Ин дастаҳо муддаъиёни медалҳои биринҷии мусобиқот мебошанд. Дар даври охирини мусобиқот рӯзи 9-уми декабр «Тоҷиктелеком» дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш» бо «Динамо»-и Душанбе рақобат мекунанд. «ХИМА» бошад, ду бозӣ анҷом хоҳад дод. Ба ҷуз «Регар» ТадАЗ, «ХИМА» дар даври охирин дар ноҳияи Панҷ бо «Саройкамар» зӯрозмоӣ хоҳад кард. Аз байни ин се даста «Тоҷиктелеком» барои соҳиб шудан ба ҷоизаи севвуми мусобиқот шонси хубтар дорад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот чунин аст:
1 | «Регар» ТадАЗ | 51 имтиёз | 17 бозӣ |
2 | «Парвоз» | 48 | 19 |
3 | «Тоҷиктелеком» | 34 | 19 |
4 | «Вахш» | 34 | 19 |
5 | «ХИМА» | 30 | 18 |
6 | «Хуҷанд» | 26 | 19 |
7 | CSKA | 22 | 20 |
8 | «Динамо» | 22 | 19 |
9 | «Энергетик» | 18 | 19 |
10 | «Гвардия» | 6 | 20 |
11 | «Саройкамар» | 6 | 19 |