Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мактаббачаи тоҷик – гаравгони афғонҳо


Дар наздикии марзи Тоҷикистон – Афғонистон ду хонандаи мактаби миёнаи тоҷик аз тарафи гурӯҳи номаълуми мусаллаҳи афғонӣ гаравгон гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, як гурӯҳи ношинохтаи мусаллаҳ, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон зада даромада буд, ду мактаббачаро, ки истиқоматкунандагони деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод буданд, иҷборӣ ба кишвари худ бурдааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба иттилоъи мақомоти қудратии Тоҷикистон, воқиъаи мазкур ҳанӯз чанд рӯз қабл рух дода буд ва тафсилоти он ҷиҳати манофеъи амниятиву тафтишотӣ ифшо карда намешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, чунин ҳодисаҳои гаравгонгирии мардуми осоишта дар маҳаллоти наздисарҳадӣ кам сурат намегиранд. Ин коршиносон бар ин назаранд, ки ингуна ҳаводис аслан дар заминаи муноқишаҳои марбут ба қарзҳои қочоқгарони мухаддирот рӯй медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, мисол, дар ду соли ахир 15 шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи қочоқчиёни афғонии маводди мухаддира гаравгон гирифта шудаанд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷикӣ, бисёре аз онҳо баъди мудохилаи мақомоти қудратии ҳукумати кишвар ба ватанашон баргардонида шуданд.
XS
SM
MD
LG