Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифоъ дар Остона гирди ҳам меоянд


Имрӯз дар Остона нишасти Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ мешавад. Зимнан вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дирӯз ба пойтахти Қазоқистон сафар кард. Қарор аст дар ин нишаст Тарҳи кори Шӯрои вузарои дифоъи Иттиҳод барои соли 2008 ва ҳамзамон барномаи тамриноти муштараки нерӯҳои муштараки зидди ҳамлаҳои ҳавоии Иттиҳод барои соли оянда баррасӣ шавад. Ба ҷуз ин дар ҳамоиши имрӯзаи Шӯрои вазирони дифоъ ҷараёни иҷрои Консепсияи таъсиси низоми воҳиди мухобирот барои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳод мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG