Шавкат Саидов, сухангуи раиси ҳукумати шаҳри Душанбе, гуфт, муроҷиати ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҳукумати Душанбе пазируфтааст ва нерӯи барқ дар маҳалҳои канории пойтахт шабҳо 6 соат қатъ карда мешавад. Ҳарчанд, мувофиқи қарори ҳукумати шаҳри Душанбе, маҳдудшавии интиқоли барқ барои маҳалҳои канории пойтахт пешбинӣ шудааст, аммо шаби гузашта нерӯи барқ дар манотиқи марказии пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Сино, низ қатъ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки раисҷусҳури Тоҷикистон дар авоили ҳамин ҳафта барои тамдиди муҳлати маҳдудаи барқ дар навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар дастур дода буд, аммо баръакси он идораҳои масъул ин муҳлатро кутоҳтар карданд ва маҳдудаи барқ аз се ва панҷ соат ба якуним ва ду соат расонда шуд. Гузашта аз ин бархе аз расонаҳо, бо такя ба манобеи давлати, аз шурӯъи интиқоли 1 миллиарду 200 миллиён киловатт соат барқи Туркманистон ба Тоҷикистон хабар медиҳанд, вале дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» намояндгони вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик» ин иттилоъро такзиб карданд ва гуфтанд, ҳалқаи интиқоли тронзити барқ дар қаламрави Узбакистон дар ҳоли таъмир аст.
Дар ҳамин ҳол Рашид Гулов, муъовини раиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, ҷорӣ шудани маҳдудаи барқ дар пойтахт ба таъхир уфтодани интиқоли барқи Туркманистон бастагӣ дорад. Вай афзуд, то шурӯъи фаъолияти нерӯгоҳи барқии «Сангтуда-1» ва интиқоли барқи Турманистон ва Узбакистон мушкили барқ дар Душанбе то моҳи январи соли 2008 боқӣ хоҳад монд. Ширкати «Барқи тоҷик» бо шурӯъ шудани мавсими зимистон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон интиқоли барқро маҳдуд кардааст. Ҳоло дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба ҷои 24 соат барқ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4 соат барқ дода мешавад.
Тибқи ваъдаҳои ширкати «Барқи тоҷик», интизор мерафт, камбудии барқ дар зимистони имсол мушкили сокинони пойтахт намегардид. Қарори вижаи шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Зеро, вақте нерӯи барқ қатъ мегардад, мушкилоти зиёде аз қабили сард шудани хонаҳо сокинони пойтахтро домангир мегардад. Ба ин тартиб маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба пойтахти Тоҷикистон то моҳи январи соли 2008 идома хоҳад ёфт.