Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳ миллиони иловагӣ ба буҷаи Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати такмили фазои сармоягузорӣ ва ислоҳоти сохтори давлатии Тоҷикистон ба буҷаи ин кишвар бештар аз 10 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Ба бар тибқи иттилои намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, ин бурси дуввумин аз қарзҳои билоивази барномавии Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон аст, ки бо ҳадафи фароҳам сохтани фазо ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти умумии бахши давлатӣ равона мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ин бурс барномаи ҳукуматии ислоҳотро пуштибонӣ хоҳад кард, ки дар Стратегияи коҳиши мизони қашшоқӣ зикр шудааст.

Ба иттилоъи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, ин қарзҳои билоивази барномавӣ ба ҳукумати Тоҷикистон дар коҳиши мавонеъи дарёфти муҷаввизи тиҷорати хусусӣ, афзоиши мизони шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва такмили қонунгузориҳои бахши ҳифзи сармоягузорӣ кӯмак хоҳад кард. Ҳамчунин, ин барномаҳои қарзӣ бо ҳадафи таъмини сохтори хидматрасони босамари иҷтимоии аҳолӣ, дар ислоҳоти фаъолияти мақомоти давлатӣ, бо шумули хадамоти тиббӣ ва маориф низ мусоидат мекунад.

Феълан, Бонки ҷаҳонӣ тарҳи бурси саввуми барномавии худ ба Тоҷикистонро омода мекунад, ки ин қарзҳои билоиваз марбути Барномаҳои сармоягузорӣ ва кӯмакҳои фаннии ин бонк мебошад. Бурсҳои мазкурро Анҷумани байналмилалии рушд ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст ва кӯмаки изофӣ ба Тоҷикистон дар робита ба кӯшишҳои ин кишвар ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, коҳиши мизони қашшоқӣ мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ бар ин аст, ки дар наздиктарин фурсат кор гирифтани Тоҷикистон аз ислоҳоти бахшҳои беҳдошт ва маориф ба ин кишвар зарур аст, зеро ба дунболи ин ислоҳот дастрасии мардум ба хидматрасонии босифати ин бахшҳо меафзояд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1993 шурӯъ шудааст. Ва ин бонк дар муддати 14 сол тақрибан чил тарҳи қарзиву сармоягузориро дар Тоҷикистон амалӣ кардааст. Маблағи ин тарҳҳо баробар ба ҳудуди 450 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG