Наргис Набиева, сардори раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар робита ба ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор хоҳад шуд. Ғолибони сабқати гуштӣ бо туҳфаҳои гаронқимат мукофотонида мешаванд. Зӯртарин паҳлавони ин мусобиқа соҳиби мошини сабукрави «Волга» ГАЗ-31 мегардад».
Як рӯз баъд, 18-уми ноябр, дар ҳамин варзишгоҳ дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо тими Сингапур рақобат мекунад.
Барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи баъдӣ барои футболбозони тоҷик танҳо пирӯзӣ бо таносуби на камтар аз се гол лозим аст: зеро дастаи Тоҷикистон дар бозии аввал дар меҳмонӣ аз сингапуриҳо бо ҳисоби 0:2 дучори шикаст шуда буд.
Ба гуфтаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон, дар бозии ҷавобӣ ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар аз ҳисоби Акмал Холматов, капитани бошгоҳи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Узбакистон, инчунин, аъзои дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар – Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев, Комил Саидов, Дилшод Восиев ва Самад Шоҳзуҳуров, ки дар бозии аввал дар Сингапур ширкат надоштанд, пурқувват хоҳад шуд.