Ин нахустин ҳамоиши расмии модарони маҳбусин мебошад, ки бо кӯшиши созмони ғайридавлатии «Орзуи модарон» сурат гирифтааст. Аксари ин модарон мегуянд, борҳо ҳукумати кишвар зиндониёнро афв кард, аммо то кунун ҳеҷ намояндаи собиқ иттиҳодияи оппозитсиюн афв нашудааст.
Тибқи иттилои созмони «Орзуи модарон», дар ҳоли ҳозир беш аз 300 тан аз размандагони собиқ мухолифини тоҷик ба мӯҳлатҳои аз 15 то 25 солӣ зиндонӣ шудаанд. Ҳуснорои Аҳмад, раиси ин созмон гуфт, занон чандин маротиба барои афви хешу таборашон ба мақомоти масъул муроҷиат кардаанд, вале натиҷае ҳосил нашудааст.
Вай афзуд, имрӯз вазъи мухолифине, ки зиндонӣ шудаанд, ташвишовар аст ва мо барои он имрӯз ҷамъ омадем, то маслиҳат кунем, ки чӣ гуна аз ҳукумат бипурсем, ки чаро якчанд бор афви зиндониёнро эълон карданд, вале фарзандони мо, яъне размандаҳои собиқ опозитсиюн, ба руйхати авфшавандагон дохил нашуданд. Ҳуснорои Аҳмад гуфт, «мегуянд, мо оштии миллӣ кардем, барои чӣ фарзандони мо дар кунҷи зиндон мемурдаанд? Пас кӣ бо кӣ оштӣ кардааст?».
Паёми Фурӯғӣ, масъули бахши ҳуқуқи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт гуфт, созмони «Орзуи модарон» ба унвони тарафи севум метавонад аз ҳукумат тақозо кунад, ки ба созмони Салиби Сурх иҷозат дода шавад, то аз аҳволи зиндониён огаҳ шавад. Вай афзуд, Салиби Сурх дар бораи вазъи зиндониёне, ки ба собиқ оппозитсюн марбут ҳастанд, ҳеҷ иттилоъе надоранд
Ахиран, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ба муносибати 10-солагии оштии миллӣ мебоист размандаҳои собиқ мухолифин низ афв мешуданд, аммо ин тавр нашуд. Ва ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба чанду чуни ин масъала ҳам шарҳи рӯшан надод. Модарони маҳбусон мегӯянд, онҳо вақте ки барои мулоқот ба маҳбас меоянд, вазъи саломатии фарзандонашон нигаронкунанда мебошад.
Ба дузди мутахахам авф мешудасту мо ки 55 сомон андоз буд 109 сомон шид. Офарин ба шумо
И хукумати худкомаи рахмонуф лубой тухмату бухтонда устухон надора. Наход барои ичозати митинг 15 зиндон????
Ба Беном: Ту худат киӣ, ки аз номи Аллоҳ гап мезанӣ, магар бо Вайбер бо Аллоҳ гап задӣ?????
Дар чумхурии мо мардум дар азобан аз паси пасандозшон. Албата хайрон мешавед. Ба монанди Точиксодиротбонк ва Агроинвестбонк ки аз беназорати ва хешутаборбози милиардхои мардум ба ягмо рафт. Боз рохат дар хамонхо пули мардумро хурданду гурехта ба Россияю дигар давлатхо рафтанд боз рохат карда гаштиян. Ин халки мо дар азоб. Ягон кас парвои халка надора. Аз хисоби мухочират дар Россия пул чам карда оварда пасандоз кардан ки дар очнда даркор мешава. И раисои бонкхои мо аз хисоби мухочирон миллионер шуданд. Дар хами Точикистон кор куни дар як сол 100$ пасандоз карда мешавад??????????????????
Чи кунем акнун дар насибамон ҳамин хел сарвари динситез будаст. Сабр ва дуо кардан даркор.