Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати кории расмӣ ба Русия


Дар шаҳри Қурғонтеппаи устони Хатлон як ширкати интиқоли расмии муҳоҷирони корӣ ба Русия фаъол хохад шуд.

Асадуллоҳ Маҳмудов, роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Магнитогорски Русия, ки барои таъсиси чунин як ширкат ба зодгоҳаш Қурғонтеппа омадааст, мегӯяд, бо мувофиқа бо шаҳрдори Магнитогорск ва пулису хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистонро расман барои кор ба Русия интиқол хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар Магнитогорск беш аз 7 000 нафар мардикори тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Магнитогорск пайваста дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ бо кордиҳандагон ширкат мекардааст ва тасмим гирифтааст, то як ширкати расмии интиқоли қувваи кориро таъсис бидиҳад, мушокилоти муҳоҷирони кории точик то андозае рафъ гардад.

А. Маҳмудов ба хотири пешгирии нақзи ҳуқуқи мардикорони точик бо як ширкати сохтмонии мавсум бо «Городок», ки аз ҷониби як сохибкори тоҷик таъсис шудааст, қарордод имзо намудаанд ва акнун баробарҳукуқии муҳоҷирони точик бо шаҳрвандони Русия кафолат дода мешавад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки шаҳрдори Мангнитогорск Евгений Карпов аз фаъолияти тоҷикон дар ин шаҳр хушбин аст ва аз ин хотир бо даъвати ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр аввалҳои моҳи июл ҳамроҳи 28 масъули шаҳрдории Магнитогорск дар Қурғонтеппаи Тоҷикистон дар яке аз тӯйҳои тоҷикӣ ширкат намуда буд, ҳарчанд касе аз масъулини ҳукумати Тоҷикистон ва устони Хатлон аз ин истифода накарданд.

Олимҷон Нурматов, масъули хадамоти муҳоҷирати Хатлон, мегӯяд, ки, имрӯз ягон ширкати расмии муваззаф ба чунин кор дар минтака фаъол нест, ин хадамот ҷиҳати ҷалби муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ барои роҳандозии муҳоҷирати қонунии кор ба кишварҳои дигар корҳои таблиғотиро вусъат хоҳанд дод.

Хадамоти муҳоҷирати Хатлон, гуфт ӯ, барои таҳияи саривақтии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва сабтиноми чунин як ширкат мусоидати ҳамаҷониба хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқ ба омори расмӣ, феълан беш аз 280 000 истиқоматкунандаи устони Хатлон дар муҳоҷирати корианд, аммо коршиносон ин рақамро ду баробар зиёд арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG