Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомӣ ва пирӯзии футболбозони тоҷик


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон баъди нокомӣ дар бозии аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ба Душанбе баргашт.

Ёдовар мешавем, футболбозони тоҷик дар бозии аввал аз тими миллии Сингапур бо натиҷаи 0:2 шикаст хӯрданд.

Бозии ҷавобии дастаҳои Тоҷикистон ва Сингапур рӯзи якшанбеи 18-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Сингапур барои роҳ ёфтан ба даври севум шонси хуб дорад, вале футболбозони тоҷик барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи баъдӣ бояд бар рақиби худ бо таносуби на камтар аз се тӯб пирӯз шаванд.

Се бозии дигари муддаъиёни роҳхатҳо ба даври севуми сабқати интихобии ҷоми ҷаҳон бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфтанд: Ҳонконг – Туркманистон – 0:0, Индонезия – Сурия – 1:4, Яман – Тайланд – 1:1.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо низ рӯзи 18-уми ноябр баргузор мешаванд.

Дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни бозигарони то 19-сола дар Қатар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври севуми гурӯҳи «С» бар дастаи Бутан бо натиҷаи 8:0 пирӯз шуд.

Баъди ин пирӯзӣ дастаи Тоҷикистон бо 7 имтиёз ба садри ҷадвал баромад. Акнун барои барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан ба футболбозони ҷавони тоҷик зарур аст, ки бозии охиринашонро бо тими Қатар ҳадди ақалл бо натиҷаи мусовӣ анҷом бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG