Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ба музокира даъват кард. Душанбе пазируфт


Бо даъвати ҷониби Ӯзбакистон як ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон барои мувофиқа бар сари тарҳи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон ба ин кишвар сафар кардааст.

Давлат Назрӣ - сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ба ин ҳайъат, намояндагони баландмақоми вазоратҳои хориҷа, энержӣ ва саноат, мелиоратсия ва захоири оби кишвар ҳамчунин намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» шомиланд. Оқои Назрӣ афзуд, қарор аст, дар Тошканд ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамтоёни ӯзбаки худ тарҳи бунёди нирӯгоҳи Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшонро, манобеи обии ин рӯдхона, ки мавриди истифодаи ин ду кишвар қарор доранд, ба баррасӣ бигиранд. Вале ӯ гуфт, бар тибқи санадҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ҳақ дорад, ки дар рӯдхонаҳои қаламрави худ бе мувофиқа бо кишварҳои ҳамсоя тарҳҳои энержии обиро рӯи даст бигирад, аммо манофеъи кишварҳои дигарро низ бояд сарфи назар насозад.

Ин дар ҳолест, ки моҳе қабл вазири хориҷаи Ӯзбакистон Владимир Норов зимни суханронӣ дар Маҷмаъи кулли СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ мутаваҷҷеҳ сохта ва гуфта буд, бунёди нирӯгоҳҳои барқ дар болооби рӯдхонаҳои фаромарзӣ, бо манзури Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар минтақа хатароти ҷиддии эколожӣ эҷод карда, боиси сар задани ихтилоф миёни ин кишварҳо мегардад. Вазири хориҷаи Ӯзбакистон гуфта буд, истифодаи оқилонаи захоири обро бандҳои се конвенсиюни СММ тақозо мекунад ва ҳамчунин афзудааст, иқдомҳои якҷонибаи ин кишварҳо, бо ишорат ба Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар мавриди бунёди сарбанд ва нирӯгоҳҳо хилофи талаботи ин конвенсиюнҳо аст. Владимир Норов иддао кардааст, агар ин кишварҳо тарҳҳои гидроэнержии худро бе машварат ва бе манзури омилҳои эколожӣ рӯи даст мегиранд, ҷониби Ӯзбакистон «дар сурати зарурӣ» аз ин кишварҳои минтақа, тақозои ҷуброн хоҳад кард.

Вале Ҳомид Орифов, намояндаи вазорати энержии Тоҷикистон ин иддаои вазири хориҷаи Ӯзбакистонро бепоя хонда иҳзор медошт, ки агар манзури ҷониби Ӯзбакистон нирӯгоҳи Роғун бошад, ҳанӯз замони шӯравии собиқ нирӯгоҳи барқи обии Роғун бо манзури манофеи ҷамоҳири ҳамсоя тарҳрезӣ шуда ва ҳама талаботи санадҳои байналмилаӣ дар робита ба анҷоми ин тарҳ аз сӯи Тоҷикистон иҷро шудааст.

Ва дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон гуфтушуниди Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар сари тарҳи бунёди нирӯгоҳи Ёвонро дар маҷмӯъ, гузашти ҳар ду ҷониб унвон мекунанд. Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ахиран Ӯзбакистон ба хулоса расидааст, ки бе мувофиқа бо кишвари дуввум ҳам Тоҷикистон дар ниҳоят тарҳи нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои қаламравашро рӯи даст хоҳад гирифт ва сармоягузорони хориҷие низ пайдо хоҳанд шуд, ки аз ин тарҳҳо пуштибонӣ кунанд.

Ибтидои соли ҷорӣ Тоҷикистон ва ширкати «Синоҳидро»-и Чин дар мавриди бунёди нирӯгоҳи Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон ба мувофиқа расида буданд. Бар тибқи ин мувофиқа, қарор буд, ширкати ин нирӯгоҳро бо иқтидори 150 мегаватт ва тавлидоти солаи 600 миллион киловат соат барқ бунёд кунад. Ҳамчунин тасмим буд, ҷониби Чин барои бунёди ин нирӯгоҳ ба Тоҷикистон 200 миллион доллар барои 25 сол қарз медод.

Аммо мақомоти энержии Тоҷикистон ахиран эълом доштанд, ки ҷониби Чин аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ кардааст. Ва дар зимн таҳлилгарон тахмин мезаданд, ки сабаби аслии худдории Чин аз анҷоми ин тарҳ, мухолифати Ӯзбакистон ба бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон мебошад.

XS
SM
MD
LG