Дар ин шумора, бар иловаи ахбори тозатарини фарҳангӣ, матолиби мазкур пешкаши шумо хоҳад буд:
- Як ҳайъате аз масъулон ва коршиносони UNESCO дар Тоҷикистон як сафаре анҷом доданд
Ҳадафи онҳо аз ин сафар боздид аз макони ёдгориҳои таърихии кишвар будааст. Ин ҳайъат гуфтааст, қарор аст, макони таърихии мавсум ба Аҷинатеппа, ки дар 90 километрии ҷануби Душанбе, дар наздикии шаҳри Қурғонтеппа ҷойгир аст, соли оянда комилан ба таҳти ҳимояти ЮНЕСКО гузарад.
- Ахиран, шуарои тоҷик дубора ба достонсароӣ рӯ овардаанд.
Дар чанд соли ахир аҳли адабиёти тоҷик кӯшишҳое доранд барои сароидани достонҳо. Достонҳои мусоир, ки дар пайрави ба достонҳои бузурги адабиёти форсу тоҷик сароида шудааст.
- Дар Бишкек аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёд карданд.
Таври маълум бо қарори ЮНЕСКо соли Ҷалолиддини Балхӣ, бузургтарин аз шуарои форсу тоҷик эълом шудааст. Дар робита ба соли Ҷалолиддини Балхӣ дар саросари ҷаҳон маҳфилу нишастҳо баргузор мешавад, ашъори тасхиркунандаи ӯ дар маркази сӯҳбатҳо қарор дорад.
- Дар Маскав намоишгоҳи хаттотони Ховари наздик таҳти унвони «Рақси килк ва ранг» баргузор шуд.
Ин намоишгоҳ беҳтарин кори дасти хаттон аз кишварҳои минтақаро ба ҳам овардааст. Баргузории инчунин намоишгоҳ дар Русия албатта собиқаи тоза дорад.
- Сайри дунёи фарҳангу маданияти Ҳиндустони афсонавӣ.
Чанд рӯз қабл хабарнигори Радиои Озодӣ Сайёфи Мизроб аз сафари Ҳиндустон баргашт, бо таассуроту сафардидаҳои ҷолибу шуниданӣ баргашт.
Бишнавед:
слив и вранье
Хамон кадар илм пеш равад хамон кадар мардум зарар мебинад, маслан илми тиб, хамон кадар пеш рафтааст мардум хам хамон кадар бемор хастан, хама Холи касали канд, дил по дард Спид, шидагияй
Рахмонов ин кадар вохима накун. Ту бар зидди коронавирус ягон вакцина надошти. Касе имунитет бокувват дошт сихат шуд. Касе надошт мурд. Аввал Худо аст. Ту аз нагузарон ки хамаи чи дар туст. Ин чархи гардон дар гардиш аст ва хар сония тагйир меёбад.
Агар ки вирус набоша ба чува дар Толори Мачлис хамаи ба никоб бдан? гайри Рахмонуф! дуругай и гапо, вирус хастай, дар як кушлоки мо дар Ш. Вахдат, зиёда аз 300 нафар ба вирус фавтиданд, омори Хукумати Рахмонуф нодуруст хаст!!!
Бале дуруст кайд кардед. Ин гуна сенарияхоро дар филми хинди дидан мумкин буд, ки Господин Радж бо одамонаш омада хонаи кадом камбагалеро поймолу тороч мекард.