Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки 6,4-миллиондолларии ИМА ба Тоҷикистон


Ҳукумати ИМА ба бемористонҳои Тоҷикистон ба маблағи $6,4 миллион дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ кумак намуд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва намояндагони лоиҳаи «Marcy corpus», ки дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи HOPE кор мекунад, дирӯз ба бемористони марказии ноҳияи Ваҳдат ба маблағи умумии 6,4 миллион доллар доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро ҳамчун кумаки башардӯстона интиқол доданд.

Бино бар иттилоъи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, чунин кумак баъдан ҳам дар байни муассисаҳои дигари тиббии кишвар, аз ҷумла навоҳии водии Рашт, ноҳияҳои Данғара, Колхозобод, Вахш, Турсунзода ва шаҳри Душанбе, низ расонида хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ин кумаки башарӣ иборат аз таҷҳизоти табобати амрози онкологӣ, антибиотикҳо, аналгетикҳо, витаминҳо, инсулин ва равғанҳои зиддисӯхтагӣ, инчунин маводди дигари тиббӣ - отоскопҳо ва стетоскопҳо – дохил мешаванд.

Мабнӣ бар иттилоъи ин намояндагии дипломатӣ, ин миқдори кумаки башариро ба Тоҷикистон 23 ширкати дорусозии амрикоӣ адо намуда, Департаменти давлатии ИМА интиқоли онро маблағгузорӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз соли 2001 то ҳоли ҳозир маблағи умумии кумакҳои, ба истилоҳ, тиббии ИМА ба Тоҷикистон бештар аз $140 миллионро ташкил намудааст.

XS
SM
MD
LG