Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Кабирӣ: «Қарздоршавии деҳқонон бе ҷиноят нест»


Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Мусоҳиба бо Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи «Қонун дар бораи ба қайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»-ро, ки аз сӯи ҳукумати ин кишвар пешниҳод гардида буд, ба тасвиб нарасонд. Ба эътиқоди вакилони порлумон, лоиҳаи ин қонун, ки имкон ва шароити ҳуқуқии хариду фурӯши замини киштро фароҳам мекард, бо Қонуни асосӣ ва қавонини амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Кодекси замини Тоҷикистон, мухолифат доштааст. Замин дар Тоҷикистон моликияти истисонии давлат эътироф шуда ва ҳар гуна муомила, аз ҷумла хариду фурӯш ва гаравгузории он, номумкин аст. Аммо як чунин маврид, ки порлумон лоиҳаи пешниҳодии ҳукумати Тоҷикистонро бозпас бигардонад, аҳёнан рух медиҳад

- Оқои Кабирӣ, ба назари Шумо, чаро тарҳи Кодекси замини Тоҷикистон бо Қонуни асосӣ мухолифат дорад ва бо кадом сабабҳо аз сӯи вакилон пазируфта нашуд?

- Сабаби бозпас гардонидани тарҳи ин қонун масъалаи замин буд. Зеро, мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшудаи қонун, ҳуқуқи истифодаи замин баъди қабули он метавонист мавриди хариду фурӯш ё мавриди ба гаравгузорӣ қарор бигирад, ки воқиъан ин масъала дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон ҳассос аст. Вале то кадом ҳадд он ба Қонуни асосӣ ё қавонини амалкунандаи дигари кишвар мухолифат дорад - ин як паҳлуи баҳсноки масъалаи аст ва ҳанӯз дар ин замина хулосаеро баён доштан барвақт аст. Вале дар онки ин қонун баҳси хеле ҳам ҷиддиро дар кишвар ва бахусус дар байни воҳидҳои кишоварзӣ ва қисми зиёди аҳолии кишвар, ки бо замин сару кор доранд, ба вуҷуд меовард, ҷои шакк набуд. Аз ҳамин хотир тарҳи ин қонун баргардонида шуд, агарчи худи лоиҳа бад набуд. Ин як раванди табиъӣ аст ва чунин зарурат вуҷуд дошт. Вале маҳз меъёрҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро мавриди харидуфурӯш ё ба гарав мондан қарор медод, боиси он гардид, ки қонун комилан баргардонида шавад, вале, агар ин мавзӯъ ҳалли худро пайдо мекард ё ҳамин қисмат аз матн ҳазф мегардид, шояд қонун дар дигар шакл қабул мегашт.

- Бархе аз коршиносон тарҳи ин қонунро, ки ҳуқуқи истифодаи заминро мавриди тиҷорат қарор медиҳад, як навъи ҳилаи қонунии аз дасти кишоварз гирифтани замин меҳисобанд.

- Тибқи қонуни асосии кишвари мо, замин моликияти истисноии давлат аст ва танҳо барои истифодаи дарозмуддат, кӯтоҳмуддат ё доимӣ ба кишоварзон ва аҳолӣ дода мешавад. Ҳуқуқи истифодаи замин то ҳоли ҳозир ба хариду фурӯш ё ба гарав гузошта намешавад. Аммо аз ҷониби баъзе аз доираҳои муайян, ки онҳоро метавонем фючеристҳо гӯем, ё онҳое, ки умуман ба кишту кор ва тиҷорати пахта сарукор доранд, чанд сол боз ин масъала доман зада мешавад, ба истилоҳ як лоббӣ ташкил шудааст. Ва онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳе ё бо қабули қонуни алоҳида ё бо роҳи ворид кардани меъёри хос дар яке аз қонунҳо ҳуқуқи ба фурӯш гузоштан ва харидан ё ба гарав гузоштани он таъмин карда шавад. Дар ин сурат аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки қарздор ҳастанд, ва ин қарздорӣ ба таври сунъӣ аз тарафи фючеристҳо ба амал бароварда шудааст, дар ивази ин қарзҳо ҳуқуқи истифодаи заминро аз даст хоҳанд дод ва он мегузарад ба дасти фючеристҳову ба ихтиёри бонкҳо ва он касоне, ки кишту кори пахтаро маблағгузорӣ мекунанд.

- Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ин қонун ба манфиати гурӯҳҳои моливу саноатист ва маҳз онҳо дар паси ин тарҳ истодаанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, кори фючеристҳост, ки ҳоло замини кишти пахта аз онҳо беш аз 400 миллион доллар қарздор аст, ва ҳамчунин кори бонкирҳост, ки пули зиёд дар ихтиёр доранд.

- Бубинед, ҳоло, ки замин моликияти истисноии давлат аст ва барои истифода ба деҳқонон дода шудааст, доираҳои муайян ва ба хусус фючеристҳо ва бонкҳо чанд сол боз болои ин заминҳо чашм дӯхтаанд. Ва умуман замин, ки дар Тоҷикистон кам ҳаст ва метавонад дар оянда ба яке аз моликиятҳои асосӣ ва хеле ҳам гарону арзишнок табдил ёбад, аз ҳоло инҳо мехоҳанд, ки бидуни харҷи зиёд ва, ба истилоҳ, бо коргирии ҳилаҳои қонунӣ ҳаққи моликияти ин заминро ба даст биёранд. Дар ин ҳолат кишоварзон табдил мешаванд ба коргарон ё хидматчиёни иҷора ё кирояи фючиристҳо ва бонкҳо, яъне он касоне, ки ҳаққи истифодаи заминро доранд. Ман намегӯям, ки ин як навъ аз феодализм ё ғуломдорӣ аст, балки як навъ суиистифода аз вазъ мебошад - аз қашшоқии мардум аст.Бубинед, ҳатто имрӯз ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзҳо тақрибан ба кормандони кироя табдил ёфтаанд. Онҳо дар бадали заҳмати тоқатфарсо ва бисёр ҳам вазнини худ чанд кило равғану ғӯзапояву собуну либос мегиранд ва шояд, ки як каме пул ҳам дарёфт кунанд. Расман онҳо соҳиби замин ҳастанд, вале дар асл – дар амал – онҳо коргари кирояи фючеристҳо ҳастанд, чунки ҳатто меҳнати онҳо чанд сол пеш аллакай фурӯхта шудааст. Фючеристҳо мехоҳанд, ки бо истифода аз ин меъёрҳои қонун воқеъиятро қонунӣ кунанд - он воқеъиятеро, ки имрӯз мо дорем.

Назарамон ин аст, ки бояд ҳукумат коре кунад, ки кишоварзон ва воҳидҳои кишварзиро аз чанголи фючеристҳо озод кунад ва тақдири заминро ба дасти кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вогузор кунад. Бояд онҳо озод бошанд, ки дар ин замин чи кишт кунанд: гандум, пахта, шолӣ ва ё боғ бунёд кунанд. Вале, мутаассифона, он қарзҳои зиёде, ки сол ба сол афзуда истодаанд, ин ҳаққ ва ин тавонро аз дасти хоҷагиҳо ва деҳқонон гирифтааст. Аз тарафи дигар, агар мо ба ин масъала аз лиҳози қонунӣ нигоҳ кунем, фючеристҳо дуруст мегӯянд, зеро воҳидҳои кишоварзӣ воқеъан қарздор ҳастанд. Вале, вақте мо ин масъаларо амиқтар баррасӣ бикунем, яъне бо кадом роҳ ва бо кадом сабабҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ қарздор шудаанд ва кӣ онҳоро ба ин ҳолат расонид, ман фикр мекунам, ки инҷо бе парвандаи ҷиноӣ кор анҷом нахоҳад шуд. Яъне ҳатман дар инҷо унсури ҷиноят ҷо дорад. Бо истифода аз вазъи ба вуҷудомада ва надонистани ҳуқуқҳои худ, бо истифода аз сохтани фазои монополӣ доираҳои муайян, хусусусан фючеристҳо, умуман соҳаи хоҷагии деҳот, ба хусус бахши пахтакорӣ, онро ба қарз ғӯтониданд ва имрӯз аз ин вазъият истифода бурда, мехоҳанд соҳибияти заминро ҳам ба даст биёранд.

- Як идда коршиносон бар назареанд, ки ин тарҳ бо раҳнамоиву маслиҳат ва машварати хориҷиҳо ё сармоядорони хориҷӣ сурат мегирад, ки пайомади он барои устувории давлат хатар доштааст...

- Аслан ҳоло соҳаи кишоварзӣ ба ҳалқаи заъфи давлатдории мо табдил ёфтааст. Ва, воқиъан, агар ҳуқуқи истифодаи замин фурӯхта шавад, ба доираҳои муайян – хусусан, агар ин доираҳо камшумор бошанд ё аз афроди муайян иборат бошанд – ин заъф дучанд мешавад ва метавонад ҳар лаҳза канда шавад. Яъне мо воқиъан сиёсати дохилии худро дар ин бахш дар маърази хатар мегузорем ва як гурӯҳи муайян метавонад, ки бо истифода аз услуби саботаж ва бо истифода аз он фишангҳое, ки дорад, вазъи амниятии кишварро ба ҳам бизанад. Аз ин лиҳоз назари ман ин аст, ки мақомоти давлатӣ хеле ҳам бодиққат ва бо дарки масъулият нисбати ин масъала рафтор намоянд ва иҷоза надиҳанд, ки дар Тоҷикистон як нафар ё якчанд нафар ҳаққи монополии истифодаи заминро ба даст биёранд.

- Дар ҳолеки замин дар Қонуни асосӣ ва Кодекси замини Тоҷикистон моликияти истисноии давлат эътироф шудааст, чаро ҳукумат мехоҳад хариду фурӯши заминро иҷоза бидиҳад? Тарҳи қонуни мазкурро ҳукумат пешниҳод кардааст ва дар ин кор чунин ба назар меояд, ки он ҳавасманд ҳам аст.

- Бубинед, назари як идда аз коршиносон аз он ҷумла худи мо ҳам он аст, ки чунин кор ба амнияти давлат хатар ва таҳдид дорад. Шояд дар доираҳои ҳукуматӣ касоне ҳастанд, ки, баракс, мегӯянд ин тарзи кор ба нафъи давлат аст ва он маҳсулнокии истифодаи заминро баланд мебардорад. Баъдан бубинед, ки дар ҳукумат лоиҳаҳои зиёди қонунҳо баррасӣ мешаванд ва баъзан бо усулҳои начандон шаффоф баъзе аз лоиҳаҳо дар ҳукумат дастгирӣ меёбанд, ки худи мақомоти болоии кишвар ва ҳатто шахсони дастандаркори раддаи болоӣ онро таҳия кардаанду ба порлумон фиристодаанд. Ва порлумон ҳам бо назардошти сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми зиёд ба ҳукумат ба он муносибат мекунад – хусусан, агар дар он имзои президенти Тоҷикистон бошад, бисёре аз ин қонунҳо қабул мешавад ва баъдан мо мебинем,ки бар зарари мардум ва ба нафъи як доираи муайян тамом шудааст. Барои ҳамин ҳам хоҳиши мо аз ҳукумат ин аст, ки ҳангоми баррасии лоиҳаи ин қонун хеле ҳам бодиққат бошанд ва, пеш аз онки як лоиҳа ба порлумон фиристода мешавад, бояд ҳаматарафа омӯхта шавад.

Масъалаи дигар. Шояд дар худи доираҳои ҳукумат ҳам ҳастанд нафароне, ки манфиъатдор ба қабули ҳамин қонун бошанд. Ва, албатта, кам нестанд касоне, ки худ ба истеҳсол ва фурӯши пахта машғул ҳастанд ва табиъист, ки қабули чунин қонун ба нафъи онҳост. Вале ин масъулияти вакилон дар порлумон аст, ки ҳар як лоиҳаи қонунро бодиққат биомӯзанд ва, агар он ниёз ба машварат дорад, бояд ба ҳукумати кишвар машварат диҳанд, ки, барои мисол, чунин қонун метавонад боиси нигаронии мардум гардад - бахусус вақте аксари мардум дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд ва ин ба тақдири онҳо хеле ҳам рабт дорад.

- Агар ин тарҳ бо тақозои ҳукумат дубора ба порлумон ироъа гардад ва қабул шавад он гоҳ чи пайомад хоҳад дошт? Вокуниши шахсии худи Шумо дар ин ҳолат чи гуна хоҳад буд?

- Албатта, агар лоиҳаи қонун дар ҳамин шакл ва бидуни тағйир бимонад, яъне меъёри хариду фурӯш ва ба гарав мондани замин ҳифз шавад, мавқеъи банда дар қабули он зид хоҳад буд ва ман дар ин марҳала қабули онро барвақт медонам.

Аслан, агар мо ба он вақте бирасем,ки замин хусусӣ гардонида шавад, бояд сари ҳар як шаҳрванди кишвар - новобаста аз онки ӯ чандсола аст – заминҳо бояд баробар тақсим карда шаванд. Як қисмате аз замини лалмӣ, як қисмат аз замини обӣ ва як қисмат аз замини чарогоҳ ва як қисмат аз замини кӯҳӣ ҳам. Ба як шаҳрванде, ки дар шаҳр менишинад, масалан дар як бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, ва як нафаре, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад, замин бояд баробар тақсим карда шавад ва ба ӯ санади ҳаққи истифода ва ҳаққи харидуфурӯши замин дода шавад. Баъд худи ин шаҳрванд чун мебинад, ки заминро истифода карда наметавонад, аз уҳдаи кор фармудани он намебарояд, онро ба нафари дигар мефурӯшад. Дар ин сурат мо метавонам бигӯем, ки заминдорони калон ба вуҷуд хоҳанд омад, албатта, дар асоси қонун ва бо истифода аз ҳаққи худ. Вале на бо он роҳе, ки алъон сурат гирифта истодаасту як гурӯҳи хурд соҳиби замину сармоя ва ҳуқуқи истифодаи замин мегарданд, дар ҳоле ки аксарияти кулли аҳолӣ ва шаҳрвандони кишвар аз ҳаққи истифодаи замин маҳрум мемонанд.

- Масалан, намешавад тақозо кард, ки онро ба назархоҳии мардумӣ, яъне референдум, бигузоранд?

- Ман фикр мекунам, ки масъалаи замин ва мавриди хариду фурӯш қарор додани он бояд, ки аз тарафи тамоми аҳолӣ баррасӣ гардад. Вале дар ҳоли ҳозир ман метарсам, ки ҳар навъи референдум бар зарари худи мардум анҷом меёбад. Чунки, бо назардошти он сатҳи пасти фарҳанги сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва он манипулясияе, ки аз ҳуқуқи мардум мекунанд, инчунин мизони шаффофияти интихоботҳо ва референдумҳое, ки мо дорем, ман метарсам, ки, агар дар ҳамин шабу рӯз ин масъала ба референдум гузошта шавад, мардум бо дасти худ худро ба вартаи нав гирифтор мекунад. Назари ман чунин аст, ки ин масъала бояд хеле амиқ ва дурудароз баррасӣ гардад, на як сол, балки ҳадди ақал се сол. Ва баъд аз он мо метавонем масъаларо ба референдум барорем, то инки ҳар як шаҳрванд донад, ки барои чи овоз медиҳад ва фаҳмад, ки аз овози ӯ тақдири ояндаи ӯ ва миллаташ вобаста аст.

- Ба ҳар сурат чунин иттифоқот, ки порлумон муқобили қабули тарҳи қонуни ҳукумат раъй дод, камсобиқа аст. Вале ин дафъа ин ях шикаста шуд.

- Вақтҳои ахир дар расонаҳои хабарӣ ва дар байни мардум нисбати порлумон сару садоҳои зиёде ба вуҷуд омад. Ба хусус аз ноуҳдабароии порлумон, аз камсалоҳиятии порлумон, аз онки сад дарсад тобеъӣ аз ҳокимияти иҷроия дорад ва ҳатто ҷуръати радду бадал кардани қонунҳо ва лоиҳаи қонунҳоро надорад, зиёд гуфта мешавад. Шояд ҳамин ҳарфҳо таъсир расонд, ки порлумон тасмим гирифт як маротиба нишон диҳад босалоҳияту мустақил аст ва ҳаққи худро мешиносаду метавонад бо ҷуръати тамом ҳатто лоиҳаеро, ки аз тарафи ҳукумат омадааст, радд кунад, бахусус вақте ин лоиҳа бар нафъи мардум нест.

Ман, ростӣ, ҳам порлумон ва ҳам ҳамкорони худро барои ин иқдом табрик мекунам.Чунки он моро аз он буҳрони эътимод, ки хеле ҳам дар он гирифтор будем, берун мекашад ва бори дигар эътимоди мардумро ба як шохаи қавӣ, ба як шохаи муҳимми давлатӣ бармегардонад ва ин дар ин шароит хеле муҳимм аст.

Ин амал нишон дод, ки дар порлумон воқиъан ҳам ҳастанд вакилон ва нафароне, ки фикри мардумро мекунанд ва дар ғами мардум ҳастанд. Фақат инҷо каме ирода, ҷасорат ва шинохти ҳаққи худ дар кор аст, ки аз он мебояд истифода бурд.

XS
SM
MD
LG