Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи бозгардони рустаборони тоҷик ба Русия


Бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон
Бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дархостномаи беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳиҷрат ба Русия баррасӣ мекунад.

Ин иқдом бар тибқи барномаи давлатии Русия дар мавриди мусоидат ба бозгашти рустаборони кишварҳои хориҷӣ ба ин кишвар сурат мегирад. Виктор Соболев, сармутахасиси намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷиратии Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, аслан шаҳрвандони Тоҷикистон пурсишномаи худро барои зиндагии доимӣ дар вилоятҳои Калининград, Липетск, Тюмен ва Красноярски Русия пешниҳод кардаанд. Ӯ афзудааст, дар ин авохир намояндагони вилояти Калинингради Русия дар Тоҷикистон будаанд ва бо афроди хоҳишманди зиндагӣ дар ин вилоят сӯҳбат доштаанд. Ва гуфтааст, аз 50 пурсишномаи ин афрод, ки мавриди омӯзиши ҳайъати мазкур қарор доштааст, ҳудуди 10 нафар иҷозаи иқомати доимӣ дар ин шаҳрро гирифтаанд.

Намояндагии хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, қабл аз шурӯъи ин барнома онҳо назархоҳиеро дар Тоҷикистон анҷом додаанд ва бар пояи ин назархоҳӣ ҳудуди 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хоҳиши иқомати доимӣ дар Русияро доштаанд.

Вале ин дар ҳолест, ки аксари афроди хоҳишманди иқомат дар Русия ва огаҳ аз барномаи давлатии Русия дар мавриди мусоидат ба бозгашти рустаборони кишварҳои хориҷӣ ба ин кишвар мегӯянд, ин барнома аслан барои афродест, ки қобили кор ва дорои тахассуси хуб мебошанд. Олга Петрова, сокини 50 солаи Душанбе, ки мутаваллиди Тоҷикистон аст ва феълан кор намекунад, ба барномаи давлатии Русия дар мавриди мусоидат ба бозгашти рустаборони кишварҳои хориҷӣ ба ин кишвар эътимод надорад ва мегӯяд, аслан ҳадафи ин барнома бозгардонидан ва муттаҳид сохтани рустаборон дар Русия нест. Ӯ меафзояд, ба фикраш, барномаи мазкур танҳо бо ҳадафи таъмини ҷойҳои холии корӣ дар манотиқи Русия мебошад. Хонум Олга хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Душанбе аст ва ҳамчунини ихтисоси муҳосибӣ дорад. Аммо, мегӯяд, феълан бо иллати пайдо накардани ҷои кори мувофиқ хонашин ва дар интизори ҷои хуби корӣ мебошад. Хонуми Олга мегӯяд, дар сурати фароҳам будани шароит омодааст, ки барои иқомати доимӣ ба Русияи бобоии худ баргардад, аммо тавре ба назар мерасад, ин барнома барои ӯ ва афроди ҳамсинни ӯ тарҳрезӣ нашудааст.

Аммо тавре ба назар мерасад, дар доираи ин барнома ҳамчунин шаҳрвандони ғайрируси Тоҷикистон аз ҷумла тоҷикон низ хоҳиши зиёди иқомати доимӣ дар Русияро доранд ва коршинсон мегӯянд, зери ин барнома албатта мутахассиси таҷрибадор ва ҷавони тоҷик низ иҷозаи кору иқомати доимӣ дар Русиро пайдо хоҳанд кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, феълан, дар Тоҷикистон ағлаби рустаборон синни қобили кор нестанд ва дар ин замина мутхассисини тоҷик, ки феълан барои худи Тоҷикистон хеле заруранд, дар сояи номи онҳо барои кор ва иқомати доимӣ дар Русия ҷалб мешаванд.

Аз сӯҳбате, ки бо теъдоде аз ҷавонони ғайрируси Душанбе доштам, онҳо изҳор мекарданд, ки мехоҳанд дар Ватани худ кору зиндагӣ намоянд. Ва агар муҳоҷирати мавсимии кори тоҷикон дар Руисяро мавриди назар диҳем, чунин ба назар мерасад, ҷавонони ҳамсӯҳбати мо ба хотири ҳузури микрофони радио дар ҳузурашон чунин ҳисси ватандӯстии худро зоҳир карда бошанд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, Русия дар мавриди бозгадонидани рустаборон таъхир кардааст, зеро то замони феълӣ ба рустаборони ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ аз сӯи Русия таваҷҷӯҳӣ ҷиддӣ сурат нагирифтааст. Ва ҳамчунин ҷавонони рустабори кишварҳои хориҷи наздики Русия дурнамои мусбати худ дар ин кишварро намебинанд.

Ва дар ҳамин ҳол чанд рӯз қабл Александр Крутов, вакили думаи давлатии Русия гуфтааст, агар воқеан ҳадафи барномаи давлатии Русия мусоидат ба бозгашти рустаборони кишварҳои хориҷӣ ба Ватани бобоии онҳо бошад, бояд дар ин барнома ҳаққи афроди синни ғайри қобили кор бо мардуми синни қобили корӣ баробар риоят шавад.

XS
SM
MD
LG