Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаббачагони бемактаби Тоҷикистон


1 226 мактаббача дар ноҳияи Бохтари Тоҷикистон ташнаи илму донишанд, вале аз мактаб маҳрум буда, дар чойхона, анбор ва хонаҳои шахсӣ сабақ мегиранд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи мактабхонаҳои кишварро тармим ва бозсозӣ кардаанд, наздик яку ним ҳазор нафар хонандаи мактаби миёни рақами 19 дар ноҳияи Бохтар дарси худро дар анбору чойхона ва хонаҳои хусусӣ меомӯзанд. Дар ин бора мудири мактаби мазкур Шариф Мирзораҳимов ба хабаргузории "Авасто" иттилоъ додааст. Вай гуфтааст, бому деворҳои мактаб дар баҳори имсол кафида буданд ва кормандони Кумитаи вазъиятҳои фавқулоддаи Хатлон таълим дар ин мактабро манъ кардаанд. Дар моҳи сентябри имсол бахши дигари мактаб низ фурӯ рафтааст. Ҷаноби Мирзораҳимов гуфтааст, ба хотири аз таҳсил бенасиб намондани кӯдакон тасмим гирифта шуд, дарсҳо дар анбори боғчаи бачагон, чойхона ва манзилҳои шахсӣ идома кунанд. Сокини ин ноҳия Зафар Уроқов гуфтааст, вай ду ҳуҷраи хонаи худро ба ихтиёри мактаб гузошт, то фарзандонаш бесавод намонанд. Дар наздикии мактаб осоишгоҳи хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов мавҷуд аст, ки тақрибан бекор мебошад, вале мақомоти давлат иҷоза надодаанд, мактаб аз ин биноҳо истифода кунад.

XS
SM
MD
LG