Дар расми дафни Алишер Соҳибов нимирӯзии 25-уми октябр издиҳоми бузурге ширкат кард. Тобути ӯро журналистон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон бардоштанд. Одамони одии зиёде низ омада буданд, ки замоне аз ёрдамҳои Алишер истифода кардаанд.
Алишер Соҳибови 26-сола, сардабири ҳафтаномаи "Сиёсат" ва хабарнигори Садои Амрико, аз журналистоне буд, ки рӯйдодҳои хунини Андиҷонро дар соли 2005 бозтоб дода, сипас муддати тӯлонӣ ба таҳлилу баррасии онҳо пардохта буд. Вай рӯзи 24-уми октябр ҳангоме ки аз идорааш мебаромад, тирборон шуда, ба ҳалокат расид. Ягона шоҳиди маълуми ин қатл, таҳлилгари умури сиёсӣ ва коршиноси гурӯҳҳои мазҳабӣ, Иқбол Мирсаидов мегӯяд, тири аввал ба пои ӯ расид ва замоне ки ӯ афтод, ҳамлавар ба вай наздик омад ва ба сараш тир зад.

Куштори Алишер Соҳибов эъломияҳои тунди созмонҳои байнулмилалиро ба вуҷуд овард. Мудири радиои Садои Амрико Денфортс Оустин гуфт, "журналисти хушсалиқа нархи баланди иҷрои вазифаи худро пардохт.
Театр 🎭 ва тамошобин!
Ман баркчиюм, корма медонам, микрофони озодай балоай корма гуфта метонм ба любой специалист мефахмонм. Охи чихе шумон кортона гап зада наметонен, ба фикрм бесаводен эээ шармандахо рузноматона тен бахотон 1 ё даже 0
Ин хизб хеч вакт халки ва демократи набуд. Ин хизби мансабдорону пулдорону лаббайгуёну лаганбардорон мебошад. Онхо танхо дар фикри некуахволии худ хастанд. Агар интихобот озоду демократи гузарад онхо як фоиз хам овоз намегиранд. Афсус дар Точикистон х,акикат нест. Танхо дуруг дуруг ва дуругхои бисёри тамомнашаванда.
Бисер зур меша агар счетои офшорошона блок кунан
Хамааш хак асту рост аст...гуфтахои модари Санчар апаи Дилором ростанд бе ягон фиребу дуруги махз.