Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши эътимод ба сиёсати хориҷии Амрико


Натиҷаҳои таҳқиқи сиёсати хориҷии Амрико ва ё саҳеҳтараш, бардошти амрикоиён аз амалкарди давлати худ дар саҳнаи ҷаҳонӣ, нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида аз ин сиёсат на танҳо розӣ нестанд, балки нигаронанд.

Онҳо тақрибан ҳамаи ҷанбаъҳои сиёсати хориҷии Вошингтонро аз муқовимат ба терроризм гирифта, то намоиши эҳтиром ба кишварҳои дигар бо мақсади амнтар кардани кишвари хеш ноком шумурдаанд. Ва дар ҳоле ки суолгузории маркази Public Agenda ва маҷаллаи "Foreign Affairs", 110 суол дар арзишёбии сиёсати хориҷӣ, ҳадаф дошт, бурду бохти ин сиёсатро муайян кунад, ба хулосае расид, ки оё аслан ин сиёсат бонатиҷа аст ё на. Коҳиши эътимоди амрикоиён ба сиёсати хориҷии давлати худ ва афзоиши нигаронии онҳо дар ин самт махсусан зимни вазъият дар Ироқ, кашокаши сари барномаи ҳастаии Эрон, дурнамои Ховари Миёна, масъалаҳои густариши демократия дар ҷаҳон, тағйири иқлим ва муҳоҷират ба Амрико ва монанди инҳо ба мушоҳида расидаанд. Чунончи, теъдоди онҳое ки ба комёбии Вошингтон дар Ироқ бовар доштанд, назар ба соли 2005 14 нуқта камтар шуда, ҳамагӣ 25 дарсадро ташкил додааст. Чунин коҳиш дар ҳамаи масъалаҳои номбаршуда ошкор гаштааст. 65 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо терроризм бояд бештар ба роҳкорҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ такия кунад, то низомӣ. 64 дарсад гуфтаанд, сиёсати хориҷӣ сабаб гаштааст, ки ҷаҳониён ба Иёлоти Муттаҳида нигоҳи манфӣ дошта бошанд. 30 дарсад гуфтаанд, ин нигоҳ хеле манфист.

Ин гуфтаҳо ба натиҷаҳои як назарсанҷии дигар, ки Маркази Pew дар мояи июни имсол дар 47 кишвар ҷараён дод, ҳамоҳанг мебошанд. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико, Рено Педерсон он вақт гуфта буд, ин ҳолат якшаба ба миён наафтода, ислоҳи он низ кори зуданҷом нест: "Баъзе мардум мумкин бо сиёсатҳои мо мухолифанд, аксари мардум шояд ва бисёрии онҳо Ироқро мисол меоранд. Баъзеҳо шояд фарҳанги моро намеписанданд. Дигаре дар ҳавопаймои амрикоӣ ба мушкиле печид ва саввумӣ таҷрибаи баде бо моли тавлиди Амрико дошт. Ин як масъалаи мушкилу печида аст, ба он маънӣ, ки ислоҳи зудрас ё сода надорад. Биноан мо бояд барои муколамаи дутарафа, шунидан ва омӯхтани дуҷониба қавитар кор кунем."

Дар пайванд ба он ки нигаронии худи амрикоиҳо аз сиёсатҳои берунаи ҳукумати худ кай ба миён омадаанд, ба гузориши маркази Public Agenda ва маҷаллаи "Foreign Affairs", шохиси баҳо ба кори ҳукумат дар саҳнаи ҷаҳонӣ аз 70 дарсади соли 2005 то 45 дрсади соли 2007 поён афтодааст. Ин муассисаҳо дар ҳар шаш моҳ дар миёни шаҳрвандони дараҷаҳои гуногуни Амрико роҷеъ ба сиёсати хориҷии кишвар назарсанҷӣ анҷом дода, натиҷаҳои онро ба порлумон, ҳукумат ва матбуот пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG