Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран маҷмӯъаи расмҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод бо 24 асари дигар пурра гардид.

Дар як маросим, ки таҳти унвони рамзии «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»» доир гардид, ҳамин миқдор мусаввараҳои рассоми саршиноси исроилӣ Давид Илёбоев, ки қаблан дар Тоҷикистон зиста, яке аз нигоргарони асосии студияи "Тоҷикфилм" буд, ҳамчун рамзи ҳадя ба осорхонаи миллии ин кишвар супурда шуд.

Ин рассоми исроилӣ, ки ба иллати маризӣ натавонистааст дар маросими эҳдои асарҳояш ширкат кунад, гуфтааст, ки сабаби ин тасмими ӯ эҳтироми беандозааш ба мардум ва фарҳанги Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад, дар расми супурдани ин асарҳои санъати тасвирӣ ба осорхона намояндагони ҳукумати кишвар, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, фарзандони рассом Д. Илёбоев, кормандони осорхонаи мазкур ва дӯстдорони зиёди фарҳангу ҳунар ширкат намуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо ворид гардидани 247 асар дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ теъдоди осори намоишии хазинаи осорхонаи миллии кишвар дар ҳоли ҳозир ба 43087 расидааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG