Бахши аъзами таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин қарордод намунае аз қудратталабии Русия ва талоши он барои эҳёи дубораи нуфузи аздастрафтааш аз як сӯ ва аз сӯи дигар талоше дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи Амрико ва Ғарб дар минтақа мебошад. Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегуяд, Кремл талош дорад ҳадди ақал нуфузи худ дар маҳдудаи шӯравиии пешинро ҳифз кунад ва ин иқдом талошест барои бозгардонидани Тоҷикистон ба таҳти нуфӯзи Кремл.
Бархе дигар аз коршиносон мегуянд, то ҳол ҷузъиёти ин Қарордод маълум нашудааст, аммо ба ҳоли иҷро даромадани он дар ҳар ҳолат ҳам ба сурати табиӣ вобастагии Тоҷикистон аз Русияро афзоиш хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷии Русия дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Аммо Аҳмадшоҳи Комилзода, коршиноси дигари тоҷик, мегуяд созишномаҳои дуҷониба дар шароити мавҷудияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ амали зарурӣ нест ва беҳтар аст, қарордодҳои амниятӣ дар чаҳорчуби ин созмон амалӣ шавад, то афзоиши вобастагии Тоҷикистон ба Русия бештар нашавад.
Бо вуҷуди ин суоли дигаре, ки матраҳ мешавад ин аст, ки кадом ангеза ва авомили эҳтимолие Тоҷикистонро барои имзои чунин қарордоде водоштааст? Коршиносон мегуянд, гурӯҳҳое, ки дар минтақа ба ҳукумати худ солҳои тӯлонӣ идома медиҳанд, тавассути додани имтиёз ба қудратқои минтақаӣ ва фароминтақаӣ мехоҳанд ба умри ҳукуматҳои худ биафзоянд. Дар ҳар сурат, мегӯянд коршиносон, ошкор шудани ҷузъиёти Созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди истифодаи муштарак аз нерӯҳои низомии ду кишвар ва шароити истифодаи ин нерӯҳо ба суолҳои бештаре посух хоҳад гуфт.
Давидани гусала то кахдонай. Буйи адолати суди надошт.
Точикистон хегох аз даст НАМЕРАВАД чунки СОХИБ дорад ва сохиби Точикистон МАРДУМИ он мебошад...телефонашро МЕГИРИ фаъолонашро бадаргаву зиндониву мекуши бо чои кори муносибу маоши БАСАНДА таъмин НАМЕКУНИ дар берун мухочирашро СУРОГ намекуни бо чи балохокро ба сари ин мардум НАОРИ ин мардум Ватанашро хечго фаромуш НАКАРДААС ва бесохиб намемонад...бо як ду чавонмарди ба ору номуси ин миллатро зиндониву физики аз БАЙН бурдан шумо фикр НАКУНЕД,ки точик аз МУБОРИЗА даст кашида шуморо ба холи худ гузошта аз ДУР шуморо ТАМОШО мекунад...НЕ тамошо НАМЕКУНАБ балки барои ОЗОДИ-и Ватанаш ХАТМАН муборизахои хастанопазир МЕБАРАД ва шабу руз бурдаистодааст!!!
Дар халк як матал аст, мегуян СЕР ПАРВОИ ГУРУСНА НАДОРАД... лекин хозир хамин хел шудаги. МАОШ бояд 5000 сомони бошад то, ки ба гуфташон гизои солим истеъмол кунем. Лекин мардум бо 700 сомони руз мебарад.
Як диктотур ба дигар диктотур совет дод чи?
Режими оилави ки ба охир расида истодааст ин корхо зиёд шудан мегиранд. Ягон фарзандаш хукумрони намекунад чун таърихи хукумронии оила ба охир расида истодааст таърихи тулонии чавобгарии хар як аъзои оила аз калон то хурд ва лаганбардорони онхо сар шуда истодааст. Окибат халк бояд душманони худро то садсолахо донад ва нагузорад ки чунин хукумронон ба кудрат дубора ояд. Вакти интихоботи демократи шуд набояд аз хайр кардан пул доштан ва аз кишлоку сода будани шахс интихоб кунанд. Аз сатхи маълумот ва барномаи барои халку кишвар хуб доштан бояд амал карду ва рохбари давлатро интихоб кард.