Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик - дар Амрико


Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 23-вуми октябр то 3-вуми ноябр дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад, ширкат дорад.

Ба ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар 7 варзишгар – Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов, Баҳодур Каримов, Маъруфҷон Файзуллоев, Шералӣ Маҳмадалиев, Фирдавс Солеҳов ва Ҷаҳон Қурбонов – шомиланд.

Ба гуфтаи Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросюни бокси Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош меварзанд.

Футбол: бохти Тоҷикистон аз Узбакистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар севумин бозии мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Дубай (АМА) аз тими Узбакистон бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ду бозии дигари ин давр дар гурӯҳи «D» дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) бар дастаи Фаластин бо ҳисоби калони 6:1 ва Туркманистон бо натиҷаи 3:1 бар Бангладеш ғолиб омаданд.

Баъди ин давр дастаҳои АМА ва Узбакистон бо 7-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор гирифтаанд. Дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4-имтиёзӣ дошта, мутаносибан дар радифҳои 3 ва 4 мавқеъ доранд. Бангладеш бо 1 имтиёз ва Фаластин бидуни имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал ҷойгир шудаанд.

25-уми октябр дар даври ахир Тоҷикистон бо Аморот, Узбакистон бо Бангладеш ва Туркманистон бо Фаластин рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG