Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асал заҳр аст ё позаҳр?


Таҳияи Тоҳири Сафар Лин Чепилус ва Никола Старкӣ аз донишгоҳи Вайкатои Зеландияи нав натиҷаҳои озмоишҳои як солаи дар калламушҳо анҷомдодаи худро чанде пеш муаррифӣ карданд. Онҳо тайи ин муддат ба як қисми калламушҳо танҳо, асал додаанд ва ба қисми дигар танҳо қанд хӯронидаанд.

Ин олимон мегӯянд, ки калламушҳои асалхӯр дар муқоиса бо калламушҳое, ки танҳо қанд истеъмол кардаанд, хотираи хубтар доштаанд ва изтироби зиёд низ нишон надодаанд. Фарзияи Никола Старкӣ ин аст, ки хосиятҳои подзаҳрии асал чунин таъсироти мусбат доштааст. Позаҳрҳо таври маълум аъзои бадани инсонро аз мубтало шудан ба бемории саратон ҳифз мекунанд.

Ду пажӯҳиши соли 2003 нишон дода буд, ки истеъмоли асали марҷумак ҳарчанд барои муддати кутоҳ ҳам бошад дар таркиби хуни инсон миқдори подзаҳрҳоро афзоиш медиҳад. Агарчӣ асал аз замони будани занбури асал будааст, аммо инсоният хосиятҳои шифобахшии онро дар замонҳои мухталиф ошкор кардааст.

Табибони мисрӣ дар замони қадим асалро барои табобати ҷароҳатҳо истифода мекардаанд. Баъдан дар солҳои 1990 маҷаллаҳои илмии кишварҳои ғарбӣ низ истифода аз ин усулро тарғиб карданд. Масалан дар як пажӯҳиши соли 1992 зикр шудааст, ки асал хосияти куштани бактерияҳоро дорад. Зоҳиран асал барои чашмҳо низ хуб будааст. Як олими литвониёӣ Ҷарут Йанкаускин дар пажӯҳише истифодаи доруи чашмеро нишон дод, ки дар таркибаш 20 фоиз асал доштааст. Табибони Русия ва Руминия низ дар таҳқиқоти мухталиф манфиати асал барои табобати бемориҳои чашмро низ нишон додаанд.

Аммо истеъмоли асал ҳамчунин натиҷаҳои манфӣ ҳам дорад. Мисли қанд истеъмоли асал дандонҳоро мепусонад ва як қошуқ асал дар муқоиса ба як қошуқи шакар калорияи бештар дорад. Вале дар ниҳоят агар асал дар назари шумо бисйор ширин намояд, онро камтар истеъмол мекунед, вале ҳеҷ яке аз шумо ба рӯи ҷароҳате албатта қанд намегузорад.

Бале қанд намегузоред вале дар Тоҷикистон баъзан шоҳиди он будаем, ки барои нигаҳ доштани хунравии сари шикастаи касе ба ҷойи ҷароҳат хокаи қанди сафед мерезанд.
XS
SM
MD
LG