Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баёнияи аҳзоби мухолиф дар мавриди нархи орд

MK

Се ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба иллати болоравии нархи орд ва дигар маводи мавриди ниёзи мардум имрӯз, 25 сентябр як баёнияе пахш карда аз мақомот тақозо намуданд, то дар амри танзими нархи орду гандум иқдоми амалӣ рӯи даст бигирад.


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Ҳизби демократи М. Искандаров ва Ҳизби сотсиалистии М. Назриев бо пахши баёния дар роҳи коҳиш додани нархи орд ва гандум чанд пешниҳоде кардаанд.


Аз ҷумлаи пешниҳодоти ин аҳзоб он будааст, ки ситонидани боҷи гумрукӣ ва андоз аз маҳсулоти ғаллагӣ то ба эътидол омадани вазъ бардошта шавад. Ва боз ин ки барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулл рафти иҷроиши қонун дар бораи индексатсияи нарх ва қонун дар бораи ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.


Раҳматулло Валиев, муовини ҲДТ-и М. Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи ин баёния ба ҳамаи аҳзоб пешниҳод шуда буд. Ба қавли ӯ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ инро дастгирӣ накарданд. Ва аммо ҲНИТ ва Ҳизби коммунист гуфтаанд, ин пешниҳодро меомӯзанд ва бо гузаштани панҷ рӯз посухе надодаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Бархе осебдидаҳо аз рахнашавии сарбанди Сардобаро ҳабс карданд

Оби обанбори Сардоба ҳазорҳо хонаҳои атрофи сарбандро пахш кард

Як фаъоли ҳуқуқ ва блогнавис дар Узбекистон гуфт, баъди шикояти онҳо аз фасод дар заминаи тақсими кӯмакҳои молӣ ва хонапулӣ барои осебдидаҳо аз хароб шудани сарбанде дар минтақаи Сирдарё, чандин нафар ҳабс шуданд. Хайрулло Қиличев дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд нафари шикояткарда аз фасод дар тақсими кӯмакҳо бо иттиҳоми авбошӣ ва итоат накардан ба мақомот ба мӯҳлати се то ҳафтрӯзӣ ҳабс шуданд. Сарбанди Сардоба дар шарқи Узбекистон 1-уми маи соли 2020 рахна шуд ва дар натиҷа, шаш нафар кушта шуда 70 ҳазор сокини манотиқи атроф аз хонаҳои худ маҳрум шуданд. Дар Қазоқистон ҳам 600 манзил зери об монд. Қиличев мегӯяд, ки ҳанӯз бисёр осебдидаҳои бехонамонда бояд кӯмаки ваъдагии президент Шавкат Мирзиёевро дарёфт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, айни замон, бархе афроди наздик ба мақомот ва осебнадида аз ин ҳодиса кӯмакпулиҳои ҳукуматро ба даст меоранд. Қиличев гуфт, ки ӯ аз раҳбарияти вилояти Сирдарё тақозо кард, ки дар бораи мардуми осебдида дар ин фоҷеа ва ҳам ҳабсшуда иттилоъ бидиҳанд, вале то ҳол посухи мақомот ба дасташ нарасидааст.

Як сокини 30-солаи ноҳияи Сардоба Ихтиёр Очилов ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди талаби кӯмак карданаш аз мақомот барои худ ва модараш, ӯро 7 рӯз ҳабс карданд. Сокини дигари маҳаллӣ Муродҷон Мамараимови 34-сола ҳам барои авбошиву итоат накардан ба мақомот ҳабс шуд. Мамараимовро баъди он дастгир карданд, ки дар як видео мақомоти вилояти Сирдарёро дар тақсими ноодилонаи кӯмакҳо гунаҳгор кард.

Мақомот гуфтанд, ки бар асоси ҳисобҳои онҳо, дар маҷмӯъ 2570 хонаи шахсӣ ва 76 сохтмони бисёртабақа пурра ва 1781 хонаи шахсиву 52 бинои бисёртабақа қисман хароб шудаанд.


Баробар бо ин, дар як додгоҳи шаҳри Тошканд мурофиаи 17 нафар – мақомоти соҳаи энержӣ, ширкати роҳи оҳан, раҳбарони корхонаҳои сохтмонӣ, ки дар сохтмони сарбанди Сардоба иштирок кардаанд, идома дорад. Онҳоро дар хунукназарӣ, сӯиистифода аз мақом, сохтакории ҳуҷҷатҳо, азхудкунӣ ва нақзи муқаррароти обтақсимкунӣ ва меъёрҳои бехатарӣ айбдор мекунанд.


Раҳбари Samsung ба 30 моҳи зиндон маҳкум шуд

25 августи соли 2017. Ли Ҷе-Йони 52-сола, раҳбари Samsung барои додани пора ба як шарики Пан Кин-Хе, собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд, вале як сол баъдаш бар асоси қарори додгоҳи таҷдиди назар озод гардид

Дар Кореяи Ҷанубӣ додгоҳ муовини раиси ширкати Samsung Electronics, азимтарин истеҳсолкунандаи телефонҳои ҳушманд дар ҷаҳонро бо иттиҳоми фасод ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Ли Ҷе-Йони 52-сола дар аввал соли 2017 барои додани пора ба як шарики Пан Кин-Хе, собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ин иттиҳомотро рад кард ва дар паи бозбинӣ шудани ҳукмаш баъди як соли ҳабс озод гардид. Вале баъдан Додгоҳи олӣ ин парвандаро бозпас ба Додгоҳи олии Сеул фиристод ва рӯзи 18-уми январ додгоҳ ҳукми нав содир кард. Ин ҳукм ҳам метавонад дар Додгоҳи олӣ бозбинӣ шавад, вале шонси кам дорад, ки тағйир ёбад. Ширкати Samsung як маҷмаи азими тиҷоратист, ки аз ҷониби як оила назорат мешавад ва дар иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ ҷои аввалу дар ҷаҳон ҷои 12-умро ишғол мекунад. Бо сабаби бемори рӯи ҷогаҳ будани падараш Ли Ҷе-Йон давоми чандин сол раҳбарии воқеии Samsung-ро ба ӯҳда дошт. Моҳи октябр падари ӯ даргузашт.

Жириновскийро дар як додгоҳи Украина муҳокима мекунанд

Владимир Жириновский,  раиси Ҳизби либерал-демократии Русия

Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Шевченский дар шаҳри Киев муҳокимаи парвандаи ҷиноии Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии Русия ва раиси Ҳизби либерал-демократ оғоз меёбад. Бар асоси ин парванда, ду узви дигари ин ҳизб Михаил Дегтерёв - губернатори кишвари Хабаровск ва Алексей Диденко - раҳбари ҷиноҳи ҳизб дар порлумони Русия низ муҳокима мешаванд. Мурофиаи судӣ дар ғайби ин афрод баргузор мешавад. Ҳамаи онҳоро додситонҳои Украина ба терроризм муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи муфаттишони украинӣ, сиёсатмадорони рус дар “таъмини молии” минтақаҳои ҷудоиталаби Донестк ва Лугански Украина саҳм доштаанд. Раҳбарони ин ду вилоятро, ки худро мустақил эълон кардаанд, мақомоти Украина террорист мешуморад. Бар асоси қонунҳои Украина, дар сурати боздошти сиёсатмадорони рус дар қаламрави он кишвар мумкин аст, онҳоро барои сармоягузории терроризм ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ҳуқуқшиносон: Навалний бидуни дастрасӣ ба вакилон аст

Алексей Навалний пеш аз парвоз аз Берлин ба Маскав дар дохили ҳавопаймо

Мунаққиди Кремл Алексей Навалний, ки шоми 17-уми январ баробари баргашташ аз табобат дар Олмон боздошт гардид, ба қавли ҳуқуқшиносонаш, то ҳол бидуни дастрасӣ ба вакилон нигаҳдорӣ мешавад. Ҳуқуқшиносонаш рӯзи 18-уми январ гуфтанд, аз замоне, ки ӯро ба идораи полиси назди фурудгоҳи “Шереметево” интиқол доданд, то ҳол вазъи ӯву шароити нигаҳдориаш номаълум боқӣ мемонад. Субҳи душанбе Иван Жданов, раиси Бунёди зидди коррупсияи Навалний ва сухангӯяш Кира Ярмиш гуфтанд, ки ӯро дар идораи умури дохилии шаҳри Химки нигоҳ медоранд. Полис раҳбари 44-солаи мухолифони Русияро дар назди нуқтаи назорати паспортии фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти зиндони Русия гуфтанд, ки Навалний муқаррароти зиндони шартӣ бар асоси ҳукми соли 2014-и додгоҳ аз рӯи иттиҳоми тақаллубро вайрон кард ва ба ӯ 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Навалний ва тарафдоронаш гуфтанд, ки ҳатто дар шароити муолиҷа дар Олмон мутобиқи қонун мақомотро аз макони будубошаш расман огоҳ карда, қонунро нақз накардааст. Боздошти Навалнийро ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ маҳкум карданд.

Барномаи эмкунӣ дар аксар кишварҳои осебдида аз COVID-19

Дар аксар кишварҳои шадидан осебдида аз коронавирус барномаи эмкунӣ ҷараён дорад. Дар Бразилия, Ҳинд ва Русия барномаи эмкунии оммавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Ҳинд, ки макони зисти 1,4 миллиард аҳолӣ аст, 17-уми январ аввалин 224 ҳазор сокин қабули воксинаи дудафъаинаро шурӯъ карданд. Ҳафтаи гузашта президент Владимир Путин амр дод, ки аз 18-уми январ маъракаи эмкунии сартосарӣ дар Русия ба роҳ монда шавад. Дар Фаронса эмкунии сокинони аз 75-сола боло шурӯъ мешавад ва дар Испания даври дуюми эмкуниҳо асосан дар муассисаҳои нигаҳдории пиронсолон ба роҳ монда шудааст. Дар саросари ҷаҳон ҳоло 95 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 2 миллион нафар бар асари COVID-19 ҷон додаанд.

 Эътирозгарони беларусӣ бо талаби истеъфои Лукашенко  дар  маҳалҳои аҳолинишин раҳпаймоӣ карданд

17-уми январ, яке аз кӯчаҳои Минск

Эътирозгарони беларусӣ рӯзи 17-уми январ аз боғу маҳаллаҳои зисти чандин шаҳри кишвар раҳпаймоӣ карда, истеъфои Александр Лукашенко, раҳбари худкомаро талаб намуданд. Эътирозгарон инчунин тақозо карданд, ки масъулони хушунатҳои панҷ моҳи охир ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аз замони интихоботи президентии Беларус, ки дар он Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд, дар Беларус тақрибан ҳамарӯза намоишҳои эътирозӣ барпо мешавад. Эътирозгарон мегӯянд, ки интихобот ба манфиати Лукашенко тақаллуб шуд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо эътирофи натиҷаҳои интихоботи Беларусро рад карданд. Рӯзи якшанбе 30 эътирози мухталиф дар Минск, Брест, Гродно, Гомел ва дигар манотиқ баргузор шуд.

Аъзои Горди миллии ИМА аз санҷиши амниятӣ мегузаранд

Низомиён дар назди бинои Конгресс. 12-уми январи соли 2021

Сохторҳои ҳифзи қонуни Амрико аъзои Горди миллиро, ки барои таъмини амнияти маъракаи савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден дар шаҳри Вашингтон ҷалб шудаанд, аз санҷиш мегузаранд, то ки онҳо хатар эҷод накунанд. Мақомот рӯзи 17-уми январ гуфтанд, ки бо нигаронӣ аз эҳтимоли ҳама гуна ҳамлаҳои дохилӣ, тахминан 25 ҳазор узви Горди миллиро, ки барои таъмини амнияти маъракаи савгандёдкунӣ ҷалб шуданд, аз санҷиши амниятӣ мегузаранд. Вазири умури артиш Раян Маккарти гуфт, ки мақомот аз эҳтимоли ҳама гуна таҳдиди ҳамлаи дохилӣ нигарон ҳастанд ва аз фармондеҳон тақозо карданд, ки сафи худро бубинанд, то аз ҳама гуна мушкил пешгирӣ шавад. То ин лаҳзаҳо ҳеҷ таҳдиди воқее дар сатҳи фармондеҳон дида нашудааст. Генерал Дениэл Ҳокансон, ки раҳбарии Бюрои горди миллиро дар ихтиёр дорад, дар сӯҳбат бо CBS News ҳарфҳои Маккартиро тасдиқ кард. Ҳокансон гуфт, ки санҷиш дар ҳамоҳангӣ бо Хадамоти махфӣ ва Бюрои федеролии тафтишот анҷом мешавад.

Аксар қаламравҳои Вашингтон бо сабаби маросими савгандёдкунии рӯзи 20-уми январ таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гирифта шудааст. Ин тадбирҳо паёмади ҳамлаи издиҳоми тарафдорони президент Доналд Трамп ба бинои Капитол дар рӯзи 6-уми январ мебошад. Баъди ин юриш маълум шуд, ки бархе шӯришиён дар гузашта ваё ҳоло ба низомиён иртибот доштаанд.

Як зан дар Ваҳдат ба гумони қатли шаҳрванди Чин боздошт шудааст

Акс аз бойгонӣ.

Як зани 22-солаи тоҷик бо гумони қатли марди 68-солаи чинӣ, боздошт шудааст. Ин марди чинӣ аз чанд сол ба ин тараф дар шаҳри Ваҳдат ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул будааст

Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ин зан соҳиби як фарзанд буда, бо Сзян Венсин, шаҳрванди Чин аз ду сол ба ин тараф робита доштааст ва рӯзи 8-уми январ байни онҳо муноқиша сар зада, зан бо истифода аз курсии чубин ба сари мард чанд маротиба зада, ӯро ба қатл расондааст.

Дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки марди чинӣ ‘"мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард, даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст". Тибқи иттилои додситонӣ, вақте зан ин бор хоҳиши Сзян Венсинро рад мекунад, байни онҳо ҷанҷол мехезад ва он бо марги мард анҷом меёбад.

Додситонӣ нисбати зани гумонбар дар қатли шаҳрванди 68-солаи чинӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Назари фарди муттаҳам ва наздикони ӯ то ҳанӯз дар ин робита маълум нест.

Бештар аз 20 ҳазор варақаи интихоботиро дар Қазоқистон беэътибор донистанд

Интихоботи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

10 280 варақаи интихоботӣ барои порлумон ва 10 364 варақаи интихоботии маҷлиси маҳаллиро дар шаҳри Алматои Қазоқистон беэътибор донистанд. Ба иттилои мақомот, ба ин тартиб 3 дарсади баргаҳои раъй дар интихоботи рӯзи 10 январ беэътибор дониста шудааст.

"Инҳо баргаҳое ҳастанд, ки мушаххас кардан мушкил аст, ба ҷонибдорӣ аз кӣ раъй дода шудааст. Рӯи барга хатти зиёд кашида шудааст ё баргаҳои холӣ ҳастанд", - хабар доданд аз комисияи интихоботии минтақавӣ.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 1 миллиону 132 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Дар интихоботи ахир 331 ҳазору 602 баргаи раъй барои номзадҳои порлумони Қазоқистон ва 330 ҳазору 446 барга ба қуттиҳо фиристода шудааст, ки аз ин шумор дар маҷмуъ бештар аз 20 ҳазор барга беэътибор дониста шудааст.

Дар остонаи интихоботи порлумонӣ бархе аз фаъолони мухолифин аз сокинон даъват карданд, ки бо сиёҳ кардани баргаҳо эътирози худро нишон диҳанд. Зеро, ба бовари даъваткунандагон, интихоботи ахири порлумоӣ дар Қазоқистон бо риояи адолат сурат нагирифтааст.

Мақомоти интихоботии Қазоқистон гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 10 январ Ҳизби ҳокими "Нур Отан", Ҳизби "Оқ жол" ва Ҳизби мардумӣ (комунистии пешин) бо касби раъйи кофӣ вориди порлумон шудаанд.

Дар Узбекистон шоҳмотро байни мардум тарғиб мекунанд

Акс аз бойгонӣ.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Барномаи давлатии рушди шоҳмотро то соли 2025 имзо кард. Ба ин тартиб, ба хонандагони синфҳои 2,3 ва 4 ба таври ҳатмӣ бозии шоҳмот омӯзонида мешавад.

Бино ба барномаи тасдиқшуда, дар солҳои таҳсили 2021/22 дар 150 мактаби Узбекистон шоҳмот омӯзонида хоҳад шуд. Омӯзиши шоҳмот дар доираи дарсҳои варзиш ба роҳ монда мешаванд.

Дар барнома ҳамчунин омадааст, ки то соли 2025 шумори узбекистониҳое, ки ба таври доимӣ шоҳмот мебозанд, бояд ба 3 дарсади маҷмуи аҳолӣ расонида шавад ва кӯдаконе, ки дар мактабҳои варзишӣ шоҳмот меомӯзанд, бояд ба 10,5 ҳазор расонида шавад.

Вазоратҳо, ниҳодҳо ва дигар муассисаҳо вазифадор шудаанд, ки дар маҳалҳо дар сол на камтар аз 2 маротиба рӯзҳои шоҳмот ташкил кунанд.

Дар Қирғизистон донишҷӯён поин бурдани шартномаи таҳсилро талаб доранд

Донишҷӯёни қирғиз. Акс аз бойгонӣ.

Донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳи Қирғизистон талаб доранд, ки шартномаи таҳсили онҳо ба далели пандемияи коронавирус поин бурда шавад. Шумори зиёде аз донишҷӯён дар натиҷаи пандемия ҷои кор ё волидонашонро аз даст додаанд, ки онҳоро таъмин мекарданд.

Донишомӯзони қирғиз мегӯянд, омодаанд бо ин талаби худ то ба назди президенти тозаинтихоби он кишвар Содир Ҷабборов ҳам бираванд.

"Мо мехоҳем, ҳамаи донишгоҳҳо на дар коғаз, балки воқеан нишон диҳанд, ки ҳамаи пулҳо ба куҷо харҷ шудааст. Ҳамчунин бо маъмурони Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон ба ҳайати комиссия шомил шуда, бо чашмони худ бубинем, ки пулҳо дар ҷойҳои лозимӣ сарф шудааст", - мегӯяд донишҷӯё бо номи Қубодбек.

Дар Вазорати маорифи Қирғизистон ба сухани донишҷӯён гӯш доданд, вале гуфтанд, дар ин замина ҳукумат наметавонад барои онҳо коре кунад. Зеро шартномаи таҳсилро танҳо раҳбарияти донишгоҳҳо метавонанд поин баранд.

Раҳбарияти донишгоҳҳои Қирғизистон баъди баҳсҳои тунду сарусадоҳои донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ба ихроҷ таҳдид карданд. Вале худи донишҷӯён мегӯянд, аз талабашон даст кашиданӣ нестанд, омодаанд, ба додгоҳ шикоят баранд ва дар сурати лозимӣ даст ба эътироз бизананд.

Самариддин Раҷабов гуфт, ки ӯро дар Шереметево "дастгир карданд"

Самариддин Раҷабов

Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон дар Русия, шоми 17-уми январ дар Твиттер хабар дод, ки ӯро ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт кардаанд.

Бино ба навиштааш, онҳо ба истиқболи пешвои мухолифини Русия Алексей Навалний ба фурудгоҳ рафта буданд. Навалний баъд аз моҳҳо муолиҷа шоми якшанбе аз Олмон ба Маскав баргашт ва аз тарафи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.

Қарор буд, ҳавопаймои ҳомили мунтақиди Кремлин дар фурудгоҳи Внуково поин ояд, аммо ногаҳон дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Самариддин Раҷабов ҳам дар Твиттер навиштааст, ӯ бо азобе худро ба Шереметево расонд.

Баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонашро ба бахши навбатдории фурудгоҳ бурдаанд. Дар Внуково низ чанде аз тарафдорони Алексей Навалнийро дастгир кардаанд.

Самариддин Раҷабови 23-сола соли 2019 шаш моҳ аз рӯи иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр ба зидди мақомот" дар боздошт буд ва моҳи декабри ҳамон сол бо пардохти 100 ҳазор рубл ҷарима озод шуд. Раҷабов ин иттиҳомро рад кардааст.

Се марзбони туркман дар як фалокат ҷон доданд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи суқути чархболи Туркманистон дар наздикии марз бо Эрон се марзбони туркман кушта шудаанд. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки бо шоҳидони айнӣ суҳбат кардааст, чархбол рӯзи 14-уми январ ба хати баландшиддати барқ бархӯрдааст.

Ҳодиса дар деҳаи Ёшлик 60-километрии шаҳри Ашхобод сурат гирифтааст. Як марзбони туркман, ки бо шарти ифшо накардани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, ки дар ин фалокат ҳар се сарнишини он ҷон додаанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки зоҳиран ҳавои тира ва ғубори сахт сабаби бархӯрди чархбол ба хати барқ шудааст. Мақомоти расмии Туркманистон мисли ҳамеша ингуна ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ҳинд маъракаи азими ваксинзаниро оғоз кард

Дар Ҳинд аз ваксинаи COVISHIELD истифода мекунанд, ки дар худи ин кишвар сохтаанд.

Ҳинд як маъракаи азими ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19-ро оғоз кард ва қарор аст, дар марҳилаи аввал 30 миллион нафар ин ваксинаро бигиранд. Аз миёни аҳолии 1. 4 миллиарднафарии Ҳинд ваксинаро аввал дар байни табибону парасторон ва онҳое тақсим мекунанд, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо коронавируси нав ҳастанд.

Бисёре аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ваксинаи “Спутник”-и тавлиди Русияро харидаанд. Аргентина рӯзи 16-уми январ қисмати дуввуми ваксинаро аз Русия ворид кард, ки барои ваксинзании дубораи кормандони муассисаҳои тиббӣ истифода мешавад. Ваксинаи аввалро онҳо моҳи декабр гирифтанд. Парагвай ин ҳафта ҳаштумин кишвари ҷаҳон шуд, ки ваксинаи Спутник V-ро барои истифода иҷоза дод.

Пештар аз Парагвай, ин корро Боливия, Венесуэла, Алҷазоир ва Сербия кардаанд. Аммо мақомоти Бразилия рӯзи 16-уми январ дархости як ширкати дорусозӣ барои истифода аз 10 миллион дона ваксинаи “Спутник”-ро дар кишвар рад кард. Мақомот гуфтанд, ки ширкат санадҳои зарурӣ дар бораи марҳилаи саввуми озмоиши ваксина ва дигар масоили истеҳсоли онро пешниҳод карда натавонистааст.

Фаронса мехоҳад, Амрикову Эрон ба созиши атомӣ баргарданд

Яке аз таъсисоти атомии Эрон дар Қум.

Вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, пайдарпай вайрон кардани созиши атомӣ аз тарафи Эрон, зарурати фаврии бозгашти Теҳрон ва Амрико ба ин созиш бо қудратҳои ҷаҳониро ба миён овардааст. Ян Ив Ле Драйан дар ин бора дар як мусоҳибае дар рӯзи 16-уми январ сухан гуфтааст. Амрикоро аз созиши атомӣ раиси ҷумҳур Доналд Трамп хориҷ кард, ки то чанд рӯзи дигар маъмурияташ ба поён мерасад.

Бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон дар моҳи июн Ле Драйан гуфтааст, ки эрониҳо дар тақвияти тавоноии атомии худ пеш рафтаанд ва бояд ба онҳо гуфт, ки “бас аст ва Эрону Амрико бояд ба созиши атомӣ баргарданд.” Баъди аз созиши атомӣ хориҷ шудани Амрико дар соли 2018, таниш байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон авҷ гирифт. Доналд Трамп таҳримҳои сахт ба зидди Эронро барқарор кард ва “сиёсати фишори ҳадди аксар” ба Эронро пеш гирифт. Ба гуфтаи вазири фаронсавӣ, ин сиёсат баръакс “риск ва хатарро зиёд кард”.

Ба қавли ӯ, ба ин сиёсат бояд хотима диҳанд, чун “Эрон дар роҳи дастёбӣ ба тавоноии тавлиди силоҳи атомӣ аст”. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, дар пайи сохтани силоҳи атомӣ нест ва ҳадафи барномаҳои атомиаш, тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои осоишта аст.

Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний ба Маскав баргардад

Алексей Навалнийро ба риоят накардани қоидаҳои адои зиндони шартӣ муттаҳам мекунанд.

Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ба ватанаш баргардад, ҳарчанд мақомот гуфтаанд, ки мумкин аст, ӯро дастгир ва ба зиндон маҳкум кунанд. Алексей Навалний гуфтааст, ки рӯзи 17-уми январ аз Берлин ба Маскав бармегардад.

Навалнийро соли гузашта баъди заҳролуд шудан барои муолиҷа ба Берлин бурданд ва ӯ иддао дорад, ки мақомоти амниятии Русия хостаанд, ӯро бо заҳри қаттоли Новичок бикушанд. Навалний дар бораи бозгашт ба Маскав рӯзи 13-уми январ хабар дод.

Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфт, ки пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд. Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.

Дар Кобул ду додраси занро куштанд

Дар Афғонистон, бахусус Кобул сӯиқасд ба ҷони бонувони фаъол ва шахсиятҳои шинохта зиёд шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, афроди мусаллаҳ ду додраси занро дар шаҳри Кобул куштаанд, ки идомаи занҷираи қатли ҳадафмандона дар Афғонистон аст. Дар чанд моҳи гузашта, хабарнигорону, ҳомиёни ҳуқуқи занон, чеҳраҳои фарҳангӣ ва руҳониёни муътадил дар чунин ҳамлаҳо ҷон додаанд.

Аҳмадфаҳим Қавим, сухангӯи Додгоҳи Олӣ гуфт, ҳарду додрасро, ки бо мошин ба ҷойи корашон мерафтанд, шахсони ношинос субҳи рӯзи 17-уми январ тирборон кардаанд. Пулиси Кобул вуқуи ҳодисаро тасдиқ кард. Аҳмадфаҳим Қавим гуфт, ки ҳарду зан дар Додгоҳи Олӣ кор мекарданд, аммо номашонро набуд. Ронандаи онҳо захмӣ шудааст.

Касе масъулияти тирандозиро бар уҳда нагирифтааст, вале Амрикову мақомоти Афғонистон сӯиқасд ба ҷони афроди алоҳида ва шинохтаро кори дасти Толибон медонанд. Толибон мегуянд, ки дар ҳамлаҳо даст надоранд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қатли чеҳраҳои шинохта, тарсонидани ҷомеаи маданӣ, саркӯб кардани садои дигарандешону ҳомиёни ҳуқуқи занон аст, ки баъди суқути Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон ба пешрафти зиёде ноил шудаанд.

Зилзилаи шадид Тоҷикистонро такон дод

Акс аз бойгонӣ

Дар cоати аввали рӯзи 17-уми январ (1:4) зилзилае Тоҷикистонро такон додааст. Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд "сахт буд". Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъ надодааст. Аммо марказҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, заминларза дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

Саудӣ гуфт, ба зудӣ дубора сафораташро дар Қатар мекушояд

Файсал бин Фарҳон

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки сафорати ин кишвар дар Қатар рӯзҳои наздик дубора боз хоҳад шуд. Файсал бин Фароҳон дар ин бора рӯзи 16-уми январ дар Риёз ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср соли 2017 Қатарро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам карда, равобити дипломатияшонро қатъ намуданд.

Қатар ин иттиҳомро рад кард, гуфта буд, ин иқдом барои суст кардани ҳокимияти миллии ин кишвар сурат гирифтааст.

Риёз рӯзи 5-уми январ эълон кард, ки дар талош барои муттаҳидии кишварҳои арабӣ ихтилофҳоро бо Доҳа поён доданд. Ин тавофуқи муҳим бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида анҷом шуд.

Арабистони Саудӣ ва Қатар ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи якдигар кушоданд ва шуморе аз парвозҳо низ аз сар гирифта шуд.

Сипоҳи посдорони Эрон ба "душмани тахминӣ" мушак партофт

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар марҳилаи дувум ва рӯзи охирини машқҳои низомӣ мушакҳои баллистикиро санҷиш кард.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 16-уми январ гузориш дод, ки мушакҳо ба як ҳадафи тахминӣ дар фосилаи 1,800 километр партоб шудаанд. Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки ду мушак ба ҳадафе, ки телевизиони давлатии Эрон онро "киштии душмани тахминӣ" номид, бархӯрдааст.

Машқҳои низомии Эрон рӯзи 16-уми январ дар ҳоле сурат гирифтанд, ки танишҳо байни Вашингтону Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ва сахттар шудани фишорҳои Амрико ба ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Баъди он ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп Амрикоро аз тавофуқномаи ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳон берун кард, танишҳо байни ду кишвар афзоиш ёфт.

Ҷа Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфтааст, агар Эрон ба ваъдаҳои додааш амал кунад, эҳтимол Иёлоти Муттаҳида ба ин тавофуқ баргардад.

Як шахси вафодор ба Меркел раҳбари CDU-и Олмон интихоб шуд

Армин Лашет

Иттиҳоди муҳофизакори масеҳӣ-демократии Олмон (CDU) рӯзи 16-уми январ дар як овоздиҳии муҳим Армин Лашети 59-соларо ҳамчун раҳбари нав интихоб кард. Ба ин мақом се нафар номзад буданд.

Дар овоздиҳӣ, ки бори аввал онлайн баргузор шуд, Лашет 521 раъй гирифт. Эҳтимол ӯ ҷойгузини Ангела Меркел шавад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, баъд аз 16 соли раёсаташ мехоҳад, бознишаста хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 15-уми январ дар оғози нишасти ҳизбаш ба ягонагӣ даъват кард.

Интихоб дар Иттиҳоди муҳофизакори масеҳӣ-демократӣ дар оғози як соли ҳассос дар сиёсати Олмон сурат гирифт. Қарор аст, дар моҳи сентябри имсол дар Олмон интихоботи сартосарӣ баргузор шавад.

Бемории COVID-19 дар як сол ҷони беш аз 2 миллион касро рабудааст

Дафни яке аз қурбониёни COVID-19 дар Русия. Моҳи майи 2020

Шумори ҷонбохтагон аз бемории коронавируси нав дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт.

Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, аз оғози пандемия то 16-уми январи имсол тақрибан 94 миллион кас мубталои COVID-19 шуда, беш аз 51 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Аз рӯйи омори фавтидагон Амрико дар ҷойи аввал аст. Дар онҷо бемории ҳамагир ҷони зиёда аз 390 ҳазор касро рабудааст. Бразилия бо 207 ҳазор фавт дар ҷойи дувум ва Ҳиндустон бо беш аз 150 ҳазор фавт дар мақоми севум аст.

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, аз охири моҳи апрели соли гузашта то ин дам 90 гирифтори коронавирус ҷони худро аз даст додаанд. Вазорат аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони беморӣ хабар медиҳад, аммо шубҳаҳо ба дурустии омори расмӣ зиёд аст.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти беморӣ дар Тоҷикистон 13 ҳазору 308 кас бемор шудаанд. Баъзе мутахассисону сокинон онро ба маротиб бештар медонанд.

Дар Қазоқистон аз оғози пандемия беш аз 167 ҳазор кас бемор шуда, 2 ҳазору 397 фавтидаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки бемории ҳамагир 1382 касро куштааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар Ҳирот 12 нирӯи амниятиро куштаанд

Кобул, акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни Толибон дар вилояти Ҳирот, ғарби Афғонистон, 12 маъмури амниятиро куштаанд. Абдулаҳад Вализода, сухангӯйи пулиси Ҳирот, 16-уми январ ҳодисаро "ҳамла аз дохил" номид ва гуфт, ки онро се узви Толибон рӯзи ҷумъа анҷом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Кобул бар асари таркиши бомби миқнотисӣ ё магнитӣ ду маъмури пулис кушта ва як нафари дигар маҷруҳ шудааст. Ба иттилои расмӣ, бомбаи магнитиро дар мошини онҳо насб карда буданд. То ҳол гуруҳе масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Бо вуҷуди он ки ҳайатҳои расмии ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳастанд ва мавзӯи нишасти ояндаро барои даст ёфтан ба сулҳ баррасӣ доранд, Толибон ба хушунатҳо идома медиҳанд.

Илова ба ин, чанд ҳамлаи моҳҳои охирро дар Кобул гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

Эъдоми охирин дар замони раёсати Доналд Трамп анҷом шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар Амрико рӯзи 16-уми январ сездаҳумин ва охирин эъдоми федеролро дар замони маъмурияти раиси ҷумҳур Доналд Трамп анҷом доданд.

Дастин Ҳигз ба қатли се зан дар соли 1996 дар Мериленд гунаҳкор буд. Эъдоми ӯ чанд рӯз пеш аз маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури мунтахаб Ҷо Байден сурат гирифт. Интизор меравад, ки Байден эъдомҳои федеролро мутаваққиф кунад.

Иҷрои эъдомҳои федеролро ба муддати 17 сол боздошта буданд, аммо соли гузашта Доналд Трамп дастури азсаргирии онҳоро содир кард.

Лиза Монтгомери аввалин зане буд, ки дар тақрибан 70 соли гузашта рӯзи 13-уми январ дар Амрико эъдом шуд. Ӯро ба куштани як зани ҳомила ва буридани тифли батнаш айбдор карданд.

Амрико гуфт, теъдоди сарбозонашро дар Афғонистон то 2500 нафар коҳиш дод

Нерӯҳои амрикоӣ дар Қандаҳор

Вазорати дифои Амрико рӯзи 15-уми январ эълом кард, ки теъдоди сарбозони худро дар Афғонистон ба 2500 нафар коҳиш додааст. Бар асоси эъломияи Пентагон, дар ду даҳаи гузашта ин теъдоди камтарини сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон мебошад.

Сарпарасти Вазорати мудофиаи Амрико гуфтааст, ҳамроҳ бо муттаҳидонашон дар НАТО маъмурияти мубориза бо терроризм ва таълиму машваратро ба нирӯҳои афғон идома хоҳанд дод. Ӯ гуфтааст, ин ду маъмурият ба хотири он аст, ки террористон ҳеч гоҳ натавонанд бо истифода аз хоки Афғонистон ба Амрико зарба бизананд.

Амрико муддатҳо боз барои берун кардани сарбозонаш аз Афғонистон тасмим гирифта буд ва бо имзои созиши сулҳ бо Толибон дар моҳи феврали 2020 марҳилаи хуруҷи сарбозонашро оғоз кард.

Дар эъломияи Вазорати дифои Амрико дар рӯзи 15-уми январ омадааст: "Имрӯз нисбат ба ҳар замоне дигар ба хатми ду даҳаи ҷанг ва раванди сулҳи афғонҳо наздик шудааст, ки дар натиҷаи он метавон ба як тафоҳуми сиёсӣ ва оташбаси доимӣ даст ёфт."

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико гуфтааст, бо кам кардани сарбозон ваъдаи худро барои пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон ва амалӣ кардани мувофиқатнома бо Толибон нишон медиҳанд.

Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Тлибон, дар як паёме аз коҳиши теъдоди сарбозони амрикоӣ истиқбол карда, гуфтааст, умед доранд теъдоди боқимондаи сарбозони амрикоӣ ҳам бар асоси мувофиқатнома аз кишвар хориҷ шаванд.

Аммо Амрико дар замоне шумори сарбозони худро дар Афғонистон коҳиш дод, ки раҳбарони НАТО дар мавриди он изҳори нигаронӣ карда, мақомоти афғон ҳам аз шарики стратегии худ хостаанд, сарбозон бояд ба таври масъулона Афғонистонро тарк кунанд.

Дар ҳоли ҳозир нирӯҳои афғон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бо ҷангҷӯёни Толибон даргиранд ва амният ҳам дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон бадтар шудааст. Таркишҳо бо истифода аз бомбҳои магнитӣ ва кушторҳои ҳадафманд низ афзоиш ёфтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG