Созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти нуфузаш дар саҳнаи сиёсӣ сабаби ақибнишинии демократия дар Тоҷикистон шудааст.
Ба гуфтаи созмон, бо вуҷуди бархурдорӣ аз ҳимояти васеъи мардум Эмомалӣ Раҳмон дар миёни аҳзоби мухолиф ҷудоӣ андохта, созмонҳои ғайридавлатии байналмилалиро аз Тоҷикистон берун карда ва созмонҳои маҳаллиро таҳти назорати шадид қарор додааст. Таъқиби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва маҳдуд кардани фаъолияти матбуоти мустақил аз дигар усулҳоест, ки ба гуфтаи Хонаи Озодӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз он кор гирифтааст.
Ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, тамаркузи мунтазами қудрати сиёсӣ ва бойгариҳои миллӣ дар дасти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамшаҳриҳои ӯ аз минтақаи Кулоб падидаи бади маҳалгароӣ дар миёни мардуми Тоҷикистонро тақвият бахшида ва панҷараеро барои эҳёи муноқишаи дохилӣ боз кардааст.
Хонаи Озодӣ мегӯяд, агарчӣ Тоҷикистон дар солҳои гузашта шоҳиди пешрафтҳои чашмгири иқтисодӣ шудааст, аммо ҳукумат натавонистааст, пешрафтҳои иқтисодиро бо рушди демократия ҳамроҳ созад.
Дар робита ба волоияти қонун дар Тоҷикистон созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, бо вуҷуди он ки Қонуни асосии Тоҷикистон додгоҳи мустақилро кафолат додааст, аммо низоми додгоҳии Тоҷикистон таҳти таъсири сахти ҳукумати иҷроия ва ҳатто гурӯҳҳои ҷиноӣ қарор дорад. Азобу шиканҷа додани муттаҳамон барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ ба гуфтаи Хонаи Озодӣ таҷрибаест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон пайваста истифода мекунанд ва кам андар кам аст, ки барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Хонаи Озодӣ давлати Тоҷикистонро ҳамчунин барои ношаффоф будани фаъолияташ таҳти танқид қарор дода ва гуфтааст, фасодкории амиқ, ҷиноӣ шудани сохторҳои давлатӣ ва иртиботи наздики ҳукумат бо иқтисоди пасипардагӣ дар умури сиёсии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст.
Дар маҷмӯъ, фарҳанги масуният дар миёни мақомоти давлатӣ мушоҳида мешавад ва афрод дар симои идораҳои давлатӣ маконеро мебинанд, ки барои ҷамъ кардани сарвати хусусӣ хидмат мекунад. Ба қавли Хонаи Озодӣ, ҳукумат барои дилсард кардани мақомот аз фасодкорӣ ниҳоят кам иқдом мекунад.
Созмони мазкур дар бахшҳои озодиҳои шаҳрвандӣ, эътибор ба иродаи мардум, волоияти қонун, шаффофият дар кори ҳукумат ба фаъолиятҳои давлати Тоҷикистон баҳои поёнтар аз 3 додааст. Ин ба он маънист, ки Тоҷикистон бо меъёрҳои бунёдии давлатдории демократӣ идора намешавад.
Хонаи Озодӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия додааст, то барои беҳбуд бахшидан ба вазъи демократия иродаву манофеъи маҳаллҳои дигари кишварро ба эътибор бигирад, ва бо таъйини намояндагони маҳаллҳои дигар дар ҳукуматаш тавозунро таъмин намояд.
Аҳзоби мухолиф бояд иҷозаи баргузор кардани ҳамоишҳои оммавӣ дошта бошанд ва битавонанд, бетарсу ҳарос назару афкори худро ба мардум бирасонанд.
Хонаи Озодӣ ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хостааст, то як низоми додгоҳии мустақилро таъсис диҳад ва нуфузи додситониро маҳдуд кунад.
Тавсияи дигар ба давлати Тоҷикистон ин аст ки музди кори кормандони соҳаи беҳдошт ва маорифро боло барад, то онҳо аз гирифтани ришва худдорӣ варзанд.
Хонаи Озодӣ ҳамчунин хостааст, то он ниҳодҳое, ки худ масъули мубориза бо фасодкорӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, бояд мавриди тафтиши берунӣ қарор бигиранд ва натиҷаҳои он ба додгоҳҳо ба қонунгузорон расонида шавад.

Душанбе. Саволи ман ин аст ки агар ин донишҷӯён гунаҳкор ва хоин миллати тоҷик ҳастанд чаро. Хоини онҳоро ошкор мурофиа онҳоро баргузор намекунанд???? Ба назари мо донишҷӯёни тоҷик хоин нестанд. Ин ҳама дар ғарби дарс хонда бо савод шуданд. Ки рафта дар кишвари худ ба мардум хидмат кунанду дар кишвар сарбаланд бошанд. На зиндонӣ....
Душанбе
Хуручи НАТО аз Афгонистон ин шармандагиест, ки СССР фавкулоди ин иштибохро карда буд Бигузор Амрико раванд хоханд рафтан гирад, аммо НАТО агар равад ин шарму шикасти Амрико ва Аврупоро меорад Афгонистон ин Ирок Ветнам Чопон Германия Аргентина нест мухтрам созмони пурнуфузи НАТО...
Ҳабс танҳо дар ҷиноятҳои махсусан вазнин пешбини шудааст. Ин бечора донишчӯён чи ҷинояте содир кардаан? Агар ҳукумати тоҷик далел медошт ҳеҷ гоҳ мурофиаи додгоҳи пушти дари баста намегузашт, чун барои айбдор намудан далел надоранд пушти дари баста говсуд гузаронидаанд.
Фахмидем дар Душанбе лекин магозааш дар кучо чойгир хаст сурогаашро пурра менавистед хубтар мешид.пешаки рахмат