Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши гуштигирони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ


Раҳбари ин даста Носир Бозоров ба радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонии дзюдо гуштигирони маъруфи тоҷик - бародарон Алишер, Рустам ва Расул Боқиевҳо, Олимҷон Зикаев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Асронқулов ва Аминҷон Хонов намояндагӣ мекунанд.

Оқои Бозоров афзуд: «Гуштигирони мо дар сабқати ҷаҳонӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин талош хоҳанд кард. Шаш нафар беҳтарин гуштигирони сабқати ҷаҳонӣ дар ҳар як вазн, ба истиснои вазни мутлақ, соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин хоҳанд шуд..»

Мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Бразил рӯзи якшанбеи 16-уми сентябр ба анҷом мерасад.


Натоиҷи бозиҳои аввали ниманиҳоӣ

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2007 баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Дастаи «ХИМА»-и Душанбе низ дар майдони худ «Динамо»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ рӯзи якшанбеи 16-уми сентябр баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG