Давлат Сулаймонов, сардори идораи сабти номи аҳзоб ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, изҳор намуд, ки бо гузашти тақрибан чаҳор моҳ аз замони эъломи сабти номи муҷаддади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танҳо 38 созмони ғайридавлатӣ такроран сабти ном шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси қонуни ҷадид дар бораи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагиҳои созмонҳои хориҷӣ, ки моҳи майи соли равон порлумони кишвар қабул кардааст, ин созмонҳо муваззафанд то поёни декабри ҳамин сол асноди худро барои сабти номи дубора ба идораи марбутаи вазорати адлия пешниҳод кунанд. Дар сурати ғайр фаъолияти ин созмонҳо мамнӯъ эълом хоҳад шуд.
Оқои Сулаймонов гуфт аз 3130 созмони ғайридавлатии расман сабтшуда ҳамасола ҳудуди 700 - 800-и он амалан фаъолият пеш мебаранд ва низ аз ҷараёни амалиёти худ вазоратро огаҳ месозанд. Аммо дар ҳоле, ки тақрибан нимаи марҳалаи сабти номи такрорӣ тай шудааст, теъдоди ниҳоят андаки ин созмонҳо ҷиҳати дарёфти иҷозаи фаъолият ба вазорат муроҷиат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Давлат Сулаймонов таъкид кард, ки намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мебаранд, низ огаҳ карда шудаанд, то дар замони муқарраркарда асноди худро барои сабти муҷаддад пешниҳод кунанд. Ӯ эҳтимоли мутаваққиф шудани бархе аз ин созмонҳоро бо далоили муфлисшавӣ ва низ қарздорӣ дар назди сандуқи ҳифзи иҷтимоъӣ ва идораи молиёти кишвар таъйид кард.
Қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ, ки аз сӯи порлумон ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон қабул ва ба марҳалаи иҷро гузошта шуд, аз ҷониби бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба далели афзоиши назорати давлат бар ин муассисот мавриди интиқод қарор гирифта буд.