Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон


Дар гурӯҳи «А» дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат кард. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ бо 20 имтиёз аз 8 бозӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифтааст. «Вахш» бо 19 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. «Хуҷанд», ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз зинаи севвумро касб кардааст.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар сафар бар тими «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 4 бар 2 ғолиб омад. Дастаи «ХИМА»-и Душанбе, ки дар ҳамаи шаш дидори худ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 18 имтиёз дар гурӯҳи «Б» дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. «Парвоз» ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки нӯҳимтиёзӣ ба даст овардаанд, бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мувофиқан дар зинаҳои дуввуму севвум ҷойгир шудаанд.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқот аз ҳарду гурӯҳ чаҳор дастаи беҳтарин ба давраи ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 11-уми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 17-уми октябр баргузор мешаванд.

Барандаи Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ, ки 24-уми октябр доир мегардад, муайян хоҳад шуд.

Ва хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2007 миёни футболбозони зери 17-сола рӯзи чоршанбеи 29-уми август дар шаҳри Сувони Куриёи Ҷанубӣ бо тими Перу рақобат мекунад. Ин дидор соати 16 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG