Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстона: Тоҷикистон - Озарбойҷон


Ин бозӣ бегоҳи чоршанбеи 22-юми август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки тӯли беш аз як сол ягон бозӣ анҷом надодааст, аввалин бор таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев вориди майдон мешавад.

Вай ба радиои Озодӣ гуфт: "Ин дидор барои дастаи мо як навъ омодагӣ ба бозиҳои даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 бо тими миллии Бангладеш, ки рӯзи 8-уми октябри соли равон дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Дакка ва 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, маҳсуб меёбад."
XS
SM
MD
LG