Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон


Ин ва ҳамчунин изҳори омодагии тарафайн ба таъсиси кумиссиюни байнидавлатии иқтисодӣ аз муҳимтарин натоиҷи бадастомада тайи рӯзи аввали сафари дурӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон ном бурда мешавад. Рӯзи душанбе Эмомалии Раҳмон дар Боку бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев мулоқот кард ва дар ҳошияи ин мулоқот байни ду кишвар созишномаҳо дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳоти омор, адлия, илму фанновариҳо, мухобироту маориф, тиҷорати озод ва ҷилавгирӣ аз андозбандиҳои дубора ба имзо расид. Ва ҳам албатта, қарордоди идомаи ҳамкорӣ байни ду корхонаи тавлиди хокаи алюминиуми Озарбойҷон ва ширкати алюминсозии Тоҷикистон. Қарор маълум, феълан ҳудуди 96 дарсад аз 140 миллион доллар мизони солонаи табодули молу коло байни ду кишвар аз ҳисоби воридоти ҳамин хокаи алюминиум аз Озарбойҷон ба даст меояд.

Аммо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар нишасти муштараки хабариаш бо Эмомалии Раҳмон гуфт, аз ин ба баъд байни ду кишвар марҳалаи нави ҳамкорӣ оғоз меёбад.
Эмомалии Раҳмон ба навбаи худ гуфт, созишномаҳои то ҳол имзошуда байни Душанбеву Боку заминаи лозими ҳуқуқӣ барои густариши ин ҳамкориҳоро фароҳам меоранд: "Табодули молу коло дар нимсолаи аввал чанд фоиз коҳиш ёфт, вале азбаски мо имрӯз дар бораи ҳамкориҳои дарозмуддат ба вижа дар риштаҳои фулузоти ранга ва истихроҷу коркарди нафту газ тавофуқ бастем, пешбинӣ ин аст, ки мо метавонем дар тӯли 5 соли оянда мизони табодули солонаи молу колоро ба тақрибан 700 миллион доллар бирасонем."

Илҳом Алиев бо изҳори омодагии кишвараш барои ширкат дар тарҳҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ба зудӣ як ҳайъати мутаххассисон аз ширкати давлатии нафти Озарбойҷон ба хотири омӯзиши роҳҳо ва имконоти истихроҷи нафт ба Тоҷикистон хоҳанд рафт.
Оқои Алиев гуфт, онҳо барои чунин иқдом имконоти лозими моливу фаннӣ ва муҳимтар аз ҳама, манфиати молӣ доранд.

"Ҷанбаи молии масъала мушкил нест. Мо маблағи кофӣ дар ихтиёр дорем. Ҳамкории мо бо созмонҳои байналмилалии молӣ низ хеле фаъолона аст. Эътибори молии Озарбойҷон низ дар ҳоли афзудан аст ва аз ин рӯ, мо қодирем ба тарҳҳои сармоягузорӣ маблағҳои бузургро ҷалб кунем. Фикр мекунам, ба зудӣ мо дар ин арса ба аввалин натиҷаҳо даст хоҳем ёфт."

Коршиносони тоҷик низ аз қабл талош барои ҷалби ширкатҳои нафтӣ ва сармояи Озарбойҷон ба риштаи то кунун хеле заъифи истихроҷи нафти Тоҷикистонро аз муҳимтарин қасдҳои сафари ҳайъати олии Душанбе ба Боку меномиданд.

Илҳом Шаъбон, таҳлилгари умури минтақа дар хабаргузории озарии Тӯрон мегӯяд, фоидаҳои ҳангуфте, ки аз фурӯши нафт инак соли чандум аст, ба ҷайби Озарбойҷон мерезад, бар имконоти молии ин кишвар ба маротиб афзуда, таҷрубаи тӯлонии Боку дар нафткашӣ низ омили дигари дар мавриди иҷрои тарҳҳои сармоягузории риштаи нафти худ ба Озарбойҷон ҳисоб кардани Тоҷикистон шудааст.

"Созишномаҳои имзошуда роҳро барои пешбурди тиҷорат ҳамвор мекунанд. Гумон аст, ки ширкатҳои Тоҷикистон ба Озарбойҷон биоянд, вале ширкатҳои озарӣ, бахусус ширкатҳои нафткашӣ метавонанд вориди бозори Тоҷикистон шаванд. Албатта, Тоҷикистон кишвари саршори аз манобеъи нафт ё газ нест. Вале заминшиносони озарӣ таҷрубаи хубе доранд ва имкон дорад, то охири сол алакай қарордодҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар риштаи нафт байни Бокуву Душанбе омода шавад.

Ширкати давлатии нафти Озарбойҷон имконоти моливу фаннӣ ва кадрӣ барои фаъолият ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад. Танҳо дар соли гузашта фоидаи софи ин ширкат чизе наздик ба 2 миллиард долларро ташкил дода буд."


Илҳом Шаъбон, таҳлилгари умури минтақа дар хабаргузории озарии Тӯрон аммо меафзояд, дар ғайри сурати кашфи манобеъи нафт ё газ танҳо риштаи ҳамкорӣ байни ду кишвар ҳамон фурӯши хокаи алюминиум ба ТалКо боқӣ мемонад ва Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар харитаи тиҷорати хориҷии Озарбойҷон ҳамчунон дар як мақоми охир ва бо як нақши камранг барҷой хоҳад монд.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон рӯзи сешанбе низ идома меёбад. Қарор аст, ӯ бо сарвазири ин кишвар Артур Расизода ва раиси Маҷлиси Миллии Озарбойҷон Оқтой Асадов низ мулоқот ва аз мазори раисиҷумҳури пешини Озарбойҷон Ҳайдар Алиев зиёрат кунад.
Боздиди ӯ аз Ичеришаҳр, қисмати қадимаи шаҳри Боку ва ҳамин тавр аз як корхонаи коркарди гӯшту тухми моҳӣ дар соҳили дарёи Хазар низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG