Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди вакилони куриёӣ бо Толибон


Дирӯз музокироти рӯдаррӯи вакилон аз Кореяи ҷанубӣ бо намояндагони гурӯҳи «Толибон» дар шаҳри Ғазнии Афғонистон таҳти миёнҷигарии СММ шурӯъ гардида, то шаб идома кард. Имрӯз ҳам музокиракунандагон ба гуфтушуниди худ дар робита ба 21 нафар гаравгонони кореӣ аз сар гирифта шуд.


Дар ҳамин ҳол, музокиракунандагони толиб мегӯянд, ки музокирот бо дипломатҳои Куриёи ҷанубӣ ҷиҳати озод кардани пизишкони дар асорати онҳо будаи куриёӣ ба хубӣ пеш меравад. Онҳо гуфтаанд, ки интизор доранд созиш дар ин масъала ҳосил мешавад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки одамрабоён аз ҳукумати Афғонистон мехоҳанд, ки дар ивази асирони куриёӣ фармондеҳони онҳоро озод намояд. Гуфта мешавад, ки феълан давлати Афғонистон ин талабро напазируфтааст.
XS
SM
MD
LG