Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Хотамие дигар?


ҳамин гуна ба зудӣ режими давлати саҳюнӣ маҳв хоҳад шуд ва башар озод хоҳад шуд!" ҳамон тавре ки Иттиҳоди Шӯравӣ маҳв шуд "Мехоҳам бигӯям

Таъсири суханони раисҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯи саҳнаи сиёсии ин кишварро метавон бо маҳбубияти паёмҳои президенти собиқи ҷумҳурии Исломӣ Муҳаммади Хотамӣ қиёс намуд.

Дар давраи ҳукмронии Хотамӣ хитобаҳои раисҷумҳур ӯро муддатҳои муайян дар мубориза бо рақибони муҳофизакор дастболо намуданд, вале вақте Хотамӣ бо дастгирии парламенти пуштибон роҳи ислоҳотро пеш гирифт, дастовардҳои ӯ зиёд набуданд. Низоми ҳокимиятдории Ҷумҳурии Исломӣ ба вижа дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ ва ҳаставӣ имкон намедиҳад, ки президенти ислоҳотталаб ва ё радикал ба мисли Аҳмадинажод онро тағйир диҳад. Дар ҳар сурат, ба ақидаи шореҳ Воҳиди Сипеҳрӣ пуштибонии оятуллоҳои муассир ба монанди Аҳмади Ҷаннатӣ ва Муҳаммад Тоқӣ Мисбоҳ-Яздӣ ба президент Аҳмадинажод кумак расонд, ки бори дигар мубоҳисаҳои инқилобиро рӯи кор орад.

"Мо пешниҳод кардем....Агар Шумо дурӯғ намегӯед, бигзор олимони бетараф ба Аврупо рафта, баъди сӯҳбат бо мардум ва таҳқиқи аснод хулосаашонро дар бораи афсонаи Ҳолокост ба иттилои миллатҳо бирасонанд."

Аҳмадинажод имкон додааст, ки ба монанди даврони инқилоби исломии соли 1979 аносири тундгаро фишор болои матбуот ва озодиҳои шаҳрвандиро афзоиш диҳанд. Дар сиёсат ӯ сухан дар бораи душманон, хиёнат ва ҷосусонро эҳё намуда, дар масоили марбути иқтисод бештар перомуни фасод ва дуздони моликияти мардумӣ ҳарф мезанад.

Аммо дар айни ҳол шореҳон таъкид мекунанд, ки тақсими саҳмияҳои корхонаҳо дар байни коргарон бо номи саҳмияҳои одилона ҳамон хусусигардоние мебошад, ки президентҳои собиқи ҷумҳурии исломӣ дар паи иҷрои он буданд. Ҳамин тариқ, то кунун бисёре аз таҳлилгарон дар бораи имкони пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи навбатии раисҷумҳури Эрон ва пайравони ӯ дар интихоботи парламентии Ҷумҳурии Исломӣ назари мухталиф доранд.
XS
SM
MD
LG