Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Осиё дуввум шуд


Вай дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон гурзро ба масофаи 75 метру 70 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуввумро касб кард. Натиҷаи ба даст овардаи Дилшод Назаров нисбат ба ғолиби ин мусобиқот Алӣ Муҳаммад Ал-Занкавӣ, аз Кувайт ҳамагӣ як сантиметр камтар аст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 гаштааст. Ҳоло ӯ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 25-уми август то 2-уми сентябр дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.


Ҷоми ёдбуди Арнолд Тер-Казарян

Рӯзи 2-юми август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти ҷоми ёдбуди Арнолд Тер-Казарян, мураббии маъруфи футбол шурӯъ шуд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, Арнолд Тер-Казарян тӯли чиҳил соли фаъолияти худ ба ҳайси мураббии футбол шогирдони зиёде ба камол расонда, дар рушди футболи тоҷик хизмати шоиста кардааст.

Дар мусобиқаи имсола, ки барои чаҳорумин бор баргузор шудааст, ҳашт даста аз вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар то рӯзи 5-уми август дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси низомномаи ин мусобиқа ғолибони ҳарду гурӯҳ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, барои дарёфти ҷоизаи аслӣ - Ҷоми ёдбуди Арнолд Тер-Казарян талош меварзанд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо мақоми дуввумро соҳиб мешаванд, барои дарёфти ҷоизаи севвуми мусобиқа бо ҳам рақобат мекунанд.

Бозии дӯстона: Тоҷикистон - Озарбойҷон

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 22-юми август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG