Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дорувор низ дар Тоҷикистон гарон шуд?


Амонулло Ашӯр, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, ба унвони мисол дар ин робита гуфт, феълан қимати миёнаи як соли таҳсил дар донишгоҳҳо ба 500 доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки дар пардохти ин миқдор маблағ на ҳама қодиранд, алалхусус кӯдакони хонаводаҳои нодор.

Ҳамзамон, ба гуфтаи оқои Ашӯр, далелҳое низ рӯи даст ҳастанд, ки мақомоти донишгоҳу донишкадаҳо маболиғи дар ихтиёрдоштаро берун аз мақсад истифода мекунанд. Вай афзуд, масалан, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ ба ивази 60 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 17 ҳазор доллари амрикоӣ, як сабукрави тамғаи хориҷӣ харидорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Фатҳиддин Исмонов, як масъули вазорати маорифи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, маболиғи аз тариқи шартномаи донишҷӯён ғуншударо макотиби олии кишвар ҷиҳати беҳсозии сифати таълим ва харидории фанноварӣ истифода мекунанд. Оқои Исмонов афзуд: «Нархномаҳоеро, ки макотиби олӣ ба вазорати маориф барои мувофиқа пешниҳод кардаанд, мо омӯзиш дорем ва месанҷем, ки то куҷо нархномаҳо ба ҳақиқат мувофиқанд, оё ба талаботи замон ҷавоб медиҳанд, ё не. Ба фикри мо, ҳисоби миёнаи шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳо аз 400 доллар болост дар як сол. Вале базаи моддию илмии мактабҳои олӣ дар сатҳи бисёр паст аст ва барои беҳтар кардани ҳол, донишкадаҳо нархномаҳои баланди таҳсилро муайян кардаанд».

Ва аммо Вазорати рушди иқтисод ва тиҷоратро ҳамчунин болоравии қимати дорувор дар дорухонаҳо нигарон кардааст. Ба иддаои масъулини ин вазорат, бо ин вуҷуд ки як соли пеш андоз аз арзиши изофашуда барои доруворе, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, лағв гардид, ҳар моҳ нархи дорувор то 5 дарсад афзун мешавад.
Ҳамзамон вазорати рушди иқтисод иддао кардааст, ки масъулини марокизи ташхиси дорувори вобаста ба вазорати беҳдошт аз мақомашон сӯистифода карда ва аз дорухонаҳо худсарона андоз меситонанд ва миқдори аз меъёр зиёди доруворро бо худ мебаранд.

Вале масъулини вазорати беҳдошт ин иддаоро рад мекунанд. Салим Абдулазизов, як масъули вазорати беҳдошт, гуфт, бо бекор кардани андоз аз арзиши изофашуда воридоти дорувор то се маротиба афзун шудааст. Ва аммо оқои Абдулазизов иқрор мекунад, ки дар воқеъ қимати дорувор дар бозори Тоҷикистон боло рафтааст ва сабабҳои он аз масоили зайл иборат будааст:

«Бо ин сабабҳо нархи маводи дорувор баланд шудааст:
1)Баланд шудани маблағи иҷорапулии биноҳои дорухона ва нигаҳдории дорувор;
2)Беқурбшавии асъори миллӣ;
3)Баланд шудани харҷи масрафи роҳ;
4)Баланд шудан ё бетағйир мондани нархи чаканаи баъзе маҳсулоти дорувор дар бозор.

Инчунин, ба қавли ӯ, баландшавии нархи аслии маводи дорувор аз тарафи истеҳсолкунандагони хориҷӣ. 99 дарсади маводи дорувор ва молҳои тиббӣ аз беруни кишвари мо ворид мешаванд ва дар баланд шудани қимати дорувор давстандаркорони харидуфурӯши ин мавод дар дохили Тоҷикистон гуноҳ надоранд».


Оқои Абдулазизов афзуд, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 13,5 миллион доллари амрикоӣ маводи дорувор ворид шудааст.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари иқтисодӣ Аслами Муллофайзӣ бар ин назар аст, ки болоравии қимати таҳсил дар макотиби олӣ ва маводи дорувор аслан ба иҷрои Барномаи коҳиши мизони фақр таъсири манфӣ намерасонад: «Нигарониҳои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат аз афзоиши нархи маводи дорувор ва қимати таҳсил дар макотиби олӣ, фикр намекунам, ки масъалаи рӯз бошад. Ин як масъалаи дуввумдараҷа аст. Аммо вазорати рушди иқтисод пеш аз ҳама ба корандозии корхонаҳои «хобида»-и кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, яъне маҳви бекорӣ талош кунад, масъалаи муҳим ва роҳи аслии коҳиши камбизоатӣ дар кишварро дар ин мебинам».

Ва аммо мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат мегӯянд, талош доранд, қимати маводи ғизоро, ки ахиран рӯ ба афзоиш ниҳодааст, танзим кунанд ва дар ин иртибот гурӯҳҳои махсуси тафтишотӣ созмон дода шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон дар бозорҳои шаҳрҳои асосии Тоҷикистон қимати як халта орд аз 75 то 90 сомонӣ, як кило гӯшт ба 15 сомонӣ ва як литр равған ба 5 сомонӣ расидааст.
XS
SM
MD
LG