Бисёре аз нозирон доир ба даври дуввуми музокироти Ҳасан Козимии Қумӣ сафири Эрон дар Бағдод ва ҳамтои амрикоии ӯ Раян Крокер чандон хушбин нестанд. Аз ҷумлаи онҳо Митҳал Алусӣ, як узви суннимазҳаби порлумони Ироқ низ ҳаст, ки мегӯяд, ҳеҷ чиз аз ин нишаст ҳосил нахоҳад шуд, зеро онҳо то кунун майли Эронро барои хотима додан ба ҳимоят аз шибҳанизомиён ва ба гуфтаи ӯ террористон дар Ироқ надидаанд. Митҳал Алусӣ ба Радиои Ироқи Озод гуфт, ки агар даври дуввуми музокирот бенатиҷа анҷомад, пас ин нишон медиҳад, ки давлати Эрон танҳо барои ба даст овардани вақт ва пеш бурдани барномаи баҳсбарангези атомиаш бозӣ мекунад. Ба қавли Митҳал Алусӣ, ҳамин гуна Эрон вақти Амрикову Ироқ ва тамоми Ховари Миёнаро барбод медиҳад.
Эрон ҳамвора чунин иддаъоҳо рад карда ва гуфтааст, ки хоҳони як Ироқи амну босубот мебошад. Вале давлати Амрико иддаъо мекунад, ки Эрон ноамнӣ дар Ироқро доман мезанад ва бояд ба гуфтаҳояш амал кунад. Дар ҳамин робита Шон Маккормак, сухангӯи вазорати умури дохилаи Амрико рӯзи душанбе, 23 июл ба хабарнигорон гуфт, ингуна тамос бисёр муҳим аст ва онҳо дасти кам метавонанд, паёмро мустақиман ба ҳукумати Эрон бирасонанд, ки агар ҳақиқатан хоҳони воқеъи Ироқи босуботтар, амнтар ва шукуфотар ҳаст, рафторашро бояд тағйир диҳад.
Меҳрдод Хонсарӣ, дипломати собиқи эронӣ мегӯяд, ки муваффақият дар музокирот танҳо ба иродаи сиёсии ҳарду ҷониб вобаста аст. Аммо, мегӯяд Меҳрдод Хонсарӣ, ҳар ду тараф талабҳои ҳамдигарро ғайриқобили қабул медонанд. Ба қавли Хонсарӣ, Иёлоти Муттаҳида чунин меҳисобад, ки наметавонад Эронро моил ба тағйири рафтораш дар Ироқ кунад ва ба эътиқоди давлати Эрон ин кишвар наметавонад, Амрикову Бритониёро моил намояд, ки ба зудӣ нерӯҳояшонро аз Ироқ хориҷ кунанд.
Аммо ба андешаи Ҳушанг Амираҳмадӣ, раҳбари Шӯрои ғайриҳукуматии амрикоиву эронӣ, музокироти дуввум нишони як навъ мувафақияти даври аввал будааст.
Шояд чунин бошад, мегӯяд таҳлилгари сиёсӣ Кара Онг, аммо ба қавли вай, фосилаи тулонии байни музокирот шояд нагузорад то миёни Амрикову Эрон эътимод ба вуҷуд биёяд. Кара Онг, таҳлилгари маркази назорати таслиҳот ва манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ дар Вашингтон тавсия медиҳад, ки дипломатҳои сатҳи поёнтари ҳар ду кишварҳо дар фурсатҳои кӯтоҳтар музокирот дошта бошанд, зеро ҳашт ҳафта миёни музокирот бисёр тулонӣ аст.
Ҳадсзаниҳое буданд, ки дар музокирот ба ҷуз аз масъалаи Ироқ шояд барномаи ҳастаии Эрон низ баррасӣ шавад. Аммо ҳукумати Ҷорҷ Буш ҳамеша таъкид кардааст, ки гуфтугуҳо танҳо сари авзои Ироқ хоҳад буд ва он ки чӣ гуна Эрон дар овардани субот ба он кишвар кӯмак карда метавонад.
Аммо оё васеътар кардани масоили баррасӣ дар музокирот метавонад, самимият ва эътимоди дуҷонибаро ба миён оварад. На мегӯяд, таҳлилгар Кара Онг ва меафзояд, агарчӣ ӯ хоҳони тамосҳои бештар миёни Эрону Амрико - ин ду душмани қадимӣ аст, вале дар ин гуфтугуҳо таваҷҷӯҳ ба масоили хос беҳтар аст. Ва ҳоло муҳимтарин масъала барои Амрикову Эрон авзои Ироқ аст ва агар онҳо дар ин самт ба пешрафти хурде ҳам даст ёбанд, ин заминаро барои пешрафт дар ҳалли баҳсҳои дигар мусоид хоҳад кард. Аз ҷумла дар масоили бӯҳрони ҳастаии Эрон ва ҳамчунин он ки гӯё давлати Эрон аз қочоқи силоҳ ба Афғонистон чашм мепӯшад.