Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Саидов: заъфи ҷисмонии навҷавонони тоҷик аз чист?


. Варзишгарони тоҷик дар шаш моҳи соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, Осиё ва байнулмилалӣ дар риштаҳои мухталиф ҳамагӣ 85 медал, аз ҷумла 23 медали тилло ба даст оварданд.

Ин нукта дар гузориши шашмоҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд.

Раиси ин кумита Давлаталӣ Саидов дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сешанбеи 17 июл баргузор шуд, ба хабарнигорон гуфт: «Дар айни ҳол варзишгарони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин талош доранд. Варзишгарони мо дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, гуштии дзюдо, тирандозӣ, камонварӣ ва гуштии юнонию румӣ имкон доранд, ки соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин шаванд. Лозим ба тазаккур аст, ки то имрӯз танҳо як нафар - Дилшод Назаров - дар гурзандозӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гаштааст.»

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Саидов аз коҳиш ёфтани дарсҳои тарбияти бадан дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ба андешаи ӯ заъфи ҷисмонии наврасону ҷавонони Тоҷикистон, аслан, ба кам шудани миқдори ин дарсҳо дар макотиби кишвар ва ба машғулиятҳои варзишӣ дастрасии андак доштани онҳо вобаста аст.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG