Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик - барандаи медали биринҷӣ


Ба иттилоъи Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни кикбоксинги Тоҷикистон вай дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 60 килограмм ҷойи севвумро касб кард.

Раҳбари федеросиюни кикбоксинги Тоҷикистон, ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳафт варзишгари тоҷик дар нахустин давраи мусобиқоти байналмилалӣ оид ба кикбоксинг, ки аз 11-ум то 16-уми июл дар шаҳри Анқараи Туркия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.


Шатранҷбозони ҷавони тоҷик аз мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиё байни навҷавонон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, баргаштанд.

Муовини сардовари ин мусобиқот Ёқуб Раҳимов, аз шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 80 нафар шатранҷбозони ҷавон аз Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Узбакистон ширкат варзиданд. Мусобиқот дар ду гурӯҳ байни шатранҷбозони то 16-сола ва то 18-сола сурат гирифт.

Тоҷикистонро шаш нафар - чаҳор писару ду духтар намояндагӣ карданд. Вале миёни намояндагони Тоҷикистон танҳо як нафар - Соиб Ҷӯраев натиҷаи нисбатан хубтар ба даст овард. Вай дар сабқати ҷавонони то 18-сола бо касби 6 имтиёз аз 9 бозӣ дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Андрей Квон, аз Узбакистон бо касби 7, 5 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.


Мусобиқоти қаҳрамонии ҳандболи Тоҷикистон байни дастаҳои занона бегоҳи 10-уми июл дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқот дастаҳои мунтахаби вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду даста аз шаҳри Душанбе ширкат доранд. Мусобиқот то рӯзи 13-уми июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG