Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми давраи аввали Ҷоми ФФТ


«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 13 имтиёз аз 5 дидор дар ҷадвали гурӯҳи «А» ба ҷойи аввал баромад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 12 имтиёз зинаи дуввум ва CSKA «Помир»-и Душанбе бо 6 имтиёз зинаи севвумро касб кардаанд.

«ХИМА»-и Душанбе, ки дар ҳамаи чаҳор дидори худ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «Б» қарор гирифтааст. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 6 имтиёз дар зинаи дуввум ва «Энергетик»-и Душанбе бо 4 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудаанд.

Давраи дуввуми Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 11-уми август оғоз мешавад.


Ҳамзамон давраи дуввуми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар шашумин дидори худ дар меҳмонӣ бар тими «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 5 бар 1 ғалаба кард, бо 13 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Дастаи «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо 10 имтиёз дар зинаи дуввум мебошад. «Рангонгаз» дар даври шашум аз тими мизбон - «Хайр-Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд. «Хайр-Ваҳдат» бо 7 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.

Мусобиқоти лигаи аввал бо ширкати чаҳор даста аз чаҳор давра иборат аст. Марҳилаи севвуми мусобиқот рӯзи 15-уми сентябр шурӯъ хоҳад шуд.


Мусобиқоти дастаҳои футболи шаҳру навоҳии тобеъи марказ дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст.

Баъди ҷамъбасти ду даври мусобиқот дар гурӯҳи «А» дастаи ноҳияи Ҳисор бо 6 имтиёз пешсаф мебошад. Дастаҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, ки сеимтиёзӣ доранд, бо назардошти таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севвум ҷойгир шудаанд.

Дар гурӯҳи «Б» чаҳор даста - Норак, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ сеимтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи шаҳри Норак дар ҷойи аввал ва тимҳои Ваҳдату Файзобод дар зинаҳои дуввуму севвум қарор доранд.

Бозиҳои даври севвум рӯзи 22-юми июл баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG