Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои таэквон-до WTF-и Тоҷикистон - 2007


Мусобиқоти қаҳрамонии таэквон-до WTF-и Тоҷикистон бо ширкати 126 варзишгар аз вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ баргузор шуд.

Садовари ин мусобиқот Исматулло Хоҷаев, сармураббии дастаи мунтахаби таэквон-до WTF-и Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафи ин мусобиқот муайян кардани ҳайати дастаи мунтахаби бузургсолону навҷавонони Тоҷикистон буд. Имсол варзишгарони мо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Инглистон ва Вйетнам ширкат карда, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин мубориза мебаранд.»

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон душанбегиҳо - Насриддин Ворисов дар вазни то 58 кг, Алишер Гулов дар вазни то 68 кг ва Хусрав Ғиёсов дар вазни то 80 кг мақоми аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон Гулчеҳра Раҳимова, аз шаҳри Ваҳдат дар вазни то 49 кг ва ду варзишгари Душанбе - Екатерина Трубитсина дар вазни то 57 кг ва Таҳмина Хоҷаева дар вазни то 67 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни навҷавонон варзишгарони шаҳри Ваҳдат - Насим Одинаев дар вазни то 45 кг, Субҳон Ҷалолзода дар вазни то 55 кг ва Қадриддин Ализода дар вазни то 63 кг, Кишвар Паҳлавонов, аз вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар вазни то 48 кг, Неъмат Мамадҷонов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа дар вазни то 51 кг ва Давлат Каримов, аз шаҳри Душанбе дар вазни то 59 кг ғолиб шуданд.

Сабқати духтарон бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе - Мафтуна Раҷабзода дар вазни то 42 кг, Шаҳноза Бобоназарова дар вазни то 45 кг, Бунафша Сайдалиева дар вазни то 47 кг ва Шаҳноза Аскаралиева дар вазни то 51 кг ва узви дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеъи марказ Мадина Саидова дар вазни то 59 кг хотима ёфт.
XS
SM
MD
LG