Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода: "Мо ҳама мағлубшудагонем "


«Мо ҳама мағлуб ҳастем дар ин ҷанг ва мо ҳама дар назди мардум гунаҳкорем», таҳти ин унвон ҳафтаномаи «Факти и комментарии» бо Ҳоҷи Акбари Тӯраҷонзода мусоҳибаеро анҷом додаст. Оқои Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллӣ Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии ин кишвар, дар расидагӣ ба ин суол, ки чаро шуморо аз гунаҳкорони аслии ҷанги шаҳрвандӣ меҳисобанд, гуфтааст чунин афкор дар бораи шахси Тӯраҷонзода натиҷаи таблиғи махсус ва ҳадафмандонаи дастгоҳи ахбори расмии солҳои ҷанг буд.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, дар он солҳо яке аз чеҳраҳои бонуфузи Тоҷикистон ба шумор мерафт, аммо ҳарчанд талош намудааст, ки аз ин мухолифатҳо ҷилавгирӣ кунад, муваффақ нашудааст ва маҳз ҳаминро гуноҳи худ меҳисобад. Вай меафзояд, ҳеҷгоҳ дар фикри мансаб набуд, бо вуҷудт онки борҳо ӯро ба курсиҳои масъули Тоҷикистон даъват карда буданд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ишора мекунад, ки Тоҷикистони солҳои 90-ум дар миёни давлатҳои дигари Осиёи марказӣ бештар ба сиёсат ғӯта зада буд ва аз таҳввулот дар Душанбе кишварҳои ҳамсоя ба тарс омаданд.
Онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз пеш омадани чунин шароит дар кишварҳои худ ҷанги ҷанги дохилиро дар Тоҷикистон созмон доданд ва ба мардуми демократихоҳи худ хитоб карданд, ки агар демократия мехоҳед ба Тоҷикистон нигоҳ кунед, ки дар онҷо чӣ мегузарад.

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ низ ба ин нукта таъкид кардааст. Ба навиштаи ҳафтаномаи мустақили «Миллат», ки аз қавли Президенти Тоҷикистон овардааст, дар он солҳо бархе аз кишварҳо барои таҷзияи Тоҷикистон музокира мекарданд. Ҳафтаномаи «Бизнес и политика» нақши фирқаи 201 ва марзбонони Русияро ба унвони неруи сулҳхоҳ ва сулҳовар дар миёни ду тарафи даргири Тоҷикистон дар он солҳо калидӣ меҳисобад. Ин ҳафтнома менависад, пас аз фурӯпошии шуравӣ дар солҳои 90 ум Тоҷикистон ба саҳнаи талошҳои кишварҳое мисли Амрико, Русия, Эрон, Покистон, Узбакистон ва Туркия табдил меёбад.

Бархе аз нашрияҳои дигар навиштаанд, бо гузашти 10 сол, масалан, Русия дар заминаи низомӣ ҳузури худро ҳифз намуда, фирқаи 201-уми худро ба пойгоҳи низомии Русия табдил дод, ки яке аз қисматҳои он дар минтақаи Кулоб 200 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» таҳти унвони «Хукҳо дар Кӯлоб» навиштааст мардуми атрофи пойгоҳи низомии Русия аз бӯи бади хукхонаи ин пойгоҳ дар ҳавои тамуз ба танг омадаанд, вале на мақомоти шаҳрдорӣ ва на масъулони ин пойгоҳ намехоҳанд онро ба гӯшаи дигар кӯч диҳанд. Ба навиштаи «Нигоҳ» ин пойгоҳ дар миёни чаҳор беморхонаи муҳими Кулоб, беморхонаи ёрии таъҷилӣ ва бемриҳои асаб, дил, чашм ҷой дорад. Ҳоло сокинони хиёбонҳои атрофи ин пойгоҳи Русия ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо ирсоли як нома муроҷиат кардаанд, ки ақалан хукхона аз инҷо бардошта шавад.

Дар ҳамин ҳол нашрияи «Миллат» бо чопи як мақолаи муфассал ки ду саҳифаи ин рузномаро дар бар мегирад аз хуруҷ, афзоиш ва эҳтимоли сирояти бемории сил ба тамоми минтақаи Кӯлоб бонги хатар задаст. Ба навиштаи ин нашрия яке аз сабабҳои густариши ин беморӣ заъифии ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон ба вижа минтақаи Кӯлоб мебошад, ки дар роҳи коҳиш додани мизони ин маризӣ қодир нестанд. Яке аз пизишкони беморхонаи ноҳияи Восиеи минътақаи Кӯлоб ба ин ҳафтанома гуфтааст, бо 60 сомонӣ музде, ки мегирад, чӣ гуна метавнад дар илоҷи беморӣ бошад. Вай мегуяд, музди коргарони беморхона аз 28 то 60 сомонӣ мебошад.

Ҳафтаномаи «Азия плюс» таҳти унвони кадом омилҳо ба суботи Тоҷикистон таҳдид мекунанд, нахуст аз овардани як маълумотномаи кӯчак роҷеъ ба зарари ҷанги панҷсола шурӯъ кардааст. Шурӯъ аз соли 1992 то соли 1997 дар натиҷаи даргириҳо ва мухолифатҳо ҳудуди 150 000 нафар кушта 700 000 сокини ин кишвар маҷбур ба тарки манзили зист шудааст. Ва зарари маҷмуъии нооромиҳо ба 7 миллиард доллар баробар будааст. Дар идомаи ин маълумот чанд коршинос таъкид кардаанд, ки агар дар зарфи чанд соли оянда иқтисоди кишвар рушди амалӣ накунад ва коррупсия кам карда нашавад, эҳтимол дар Тоҷикистон як таркиши иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд.
XS
SM
MD
LG