Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ соли сулҳ ба Тоҷикистон чӣ дод?


Бо баргашти суббот ва истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ акнун ниёзмандиҳои иҷтимоии дигаре пеш ва ба тадриҷ ба арзёбии дурустар ва бидуни эҳсоси санади сулҳ пардохта мешавад. Ду роҳбари мухолифи пешин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Акбари Тураҷонзода тайи изҳори назарҳои ахири худ аслан ба паҳлуҳои номуваффақи созишнома дар бархе маврид пардохтаанд. Ва дар ин росто як суоли масълаи муҳим ин аст, ки ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки тибқи шароити созишнома сурат гирифт, як ислоҳоти муваффақ буд?



Тибқи ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки як шарти сулҳ буд, Тоҷикистон соҳиби як порлумони ду маҷлиса шуд. Аммо акнун суоле, ки худи роҳбарони мухолифини пешин ва ҳатто бархе масъулини давлат бо гузашти даҳ сол аз ин ислоҳот матраҳ мекунанд, ин аст, ки оё Тоҷикистон бо ин ҳама мушкилот, ниёзе ба ду маҷлис дорад?
Бар асоси ин ислоҳот даври раёсати ҷумҳурӣ аз панҷ то ҳафт сол тамдид шуд. Амале, ки боз ҳам маҳофили сиёсӣ ба зарурати ислоҳи он таъкид мекунанд. Дар ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки дар заминаи созиши сулҳ анҷом шуд, пешниҳодоти ҷониби мухолиф дар мавриди интихобӣ кардани раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоёт ва додани салоҳияти бештар ба сарвазири кишвар ҷой наёфт. Балки салоҳияти бештаре ба салоҳиятҳои раиси ҷумҳур афзуда шуд. Боз ҳам мавриде, ки боиси мухолифати аҳзоб аст.





Як ҳадафи аслӣ аз Созишномаи сулҳ густариши равандҳои демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Аммо акнун аксари маҳофил ва хоса мухолифони пешин, ки ҳануз ҳам мухолиф мондаанд, ба ин назаранд, ки ин барнома ҳамоно анҷом ношудааст. Як иллати умдаи ин ба гуфти соҳибназарон кутоҳ омадани мухолифон ва гоҳо давлат бар баробари барномаҳои усулии худ буд. Аксари чеҳраҳои мухолифин бо гирифтани курсӣ дар мақоми давлат ҳизб ва гуруҳи сиёсии худро тарк карданд ва ба ҷониби мухолиф гузаштанд. Ва дар ниҳоят созмонҳо ва аҳзоби мухолиф ба заъф рубарӯ шуданд ва натавонистанд аз иҷрои барномаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномаи худ бар биёянд. ИНОТ,ки аз ҷониби кишварҳо ва Созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф шуда буд, сарнаҷом бар асари мунҳариф шудани аксари аъзои аршади худ, қабл аз иҷрои шароити Созишномаи сулҳ, бидуни он ки аз фурсати эълони инҳилоли худро пайдо кунад, мунҳал шуд.



Мухолифон ба далели ба гуфтаи онҳо ғайри демократӣ доир шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999 онро таҳрим карданд, аммо роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳузур ёфтан дар ҳавзаи раъйгирӣ дар рузи интихобот ба рағми хоҳиши бисёре дигар аз шахсиятҳои мухолиф таҳримро шикаст. Ки баъдан боиси шикоф ва хилофи бештар дар суфуфи мухолифон шуд.


Интизор мерафт, бозгашти субот ба кишвар шароитеро барои сарозер шудани сармояи кишварҳо ба иқтисоди Тоҷикистон фароҳам кунад. Аммо суббот танҳо шохиси омадани сармоя нест ва таҳти авомили дигар, хусусан густариши фасоди идорӣ ва адами рушди равандҳои демократӣ, Тоҷикистон агарчанд кӯмакҳои Ғарбро дарёфт мекунад, аммо то ҳол муваффақ ба ҷалби сармояи он нашудааст. Истиқрори сулҳ бар баробари боз овардани суббот ба кишвар ҳокимияти раиси ҷумҳуриро низ тақвият кард. Агарчанд ҷанги Тоҷикистон ҷанги ҳамватанӣ унвон шуда, то кунун зеҳният ин аст, ки ширкатдорони як тарафи ҷанг худро қаҳрамон ва тарафи дигар худро муҷоҳид меноманд. Ба ин тартиб боз ҳам суол ин аст, ки сулҳи тоҷикон ниҳодина ва мантиқӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG