Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияи 30 дарсада: Чӣ гирифта шуд ва чӣ дода нашуд?


Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки худро меросбари аслии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ном мебаранд, иддао доранд, ки тахассус надодани саҳмияи 30-дарсадаи оппозитсиюн дар ҳукумати Тоҷикистон яке аз иштибоҳҳои сулҳ мебошад. Акоша Кабирӣ, раиси бахши Ҳизби Наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, саҳме, ки Ҳукумат барои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ваъда карда буд, пас аз ба кор шурӯъ намудани Комиссияи оштии миллӣ дигар комилан ихтисос дода нашуд: «Бубинед, ки ин сӣ фоизи хукумат бояд ба мухолифин мерасид, вале аз ин истифода карда натавонистанд ва мушовироне, ки дар ин кор машварат медоданд аз он тараф боис ба тӯл кашидани ҳамин кор шуданд ва кор ба ҷое расид, ки мардум фақат барои вазифаҳои боло талош карданду аз вазифаҳои сатҳи поёнтар, ки метавонист то се ҳазор намояндаи ИНОТ соҳиби вазифа шавад, фаромӯш шуд. То вақте ин кор ба охир расид, Комиссияи Оштии миллӣ ҳам корашро ба анҷом расонд. Агар зинаи поёнии масъулиятхоро мегирифтанд, имрӯз як гурӯҳи тоза ба сатҳи миёна мерасид».



Ва аммо Музаффар Олимов, раҳбари Маркази илмию таҳқиқотии мавсум ба «Шарқ» мегӯяд, бо ин ки ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик тамоми 30 дар сади саҳмияи худ дар ҳукуматро соҳиб мегардид, низоми давлатдорӣ беҳтар намешуд ва аксар аз намояндагони Иттиҳоди мазкур, ки дар чаҳорчӯби ҳамин саҳмия ба мақомоти давлатӣ шомил шуданд, вазифаҳои худро ӯҳда накарданд. Музаффар Олимов: «Ин як мӯҳлати муайян буд, то интихоботи навбатие, ки бояд доир мешуд ва интихобот ҳам шуд. Намояндагони ИНОТ буданд дар ҳукумат, намояндагӣ мекарданд ҳам дар ҳукумат, ҳам дар дигар сохторҳо. Аз рӯйи ҳамон имконияте, малакае, ки доштанд, баъзеҳошон то солҳои наздик кор мекарданд, баъзеи дигарашон оҳиста-оҳиста дур шуданд. Табиист, ки ҳамон касе имкон дошт, курсиша то як вақти муайян нигоҳ дошт ва онҳое, ки аз ӯхдааш набаромаданд, сари вақт, пеш аз мӯҳлат аз вазифа рафтанд. Аз ин хотир барои ман нофаҳмост ва мантиқро намебинам, ки онҳо ҳатто агар сӣ фоизи саҳмашонро медоштанд, чи коре аз дасташон меомад?»



Бо ин вуҷуд ки ба гумони як гурӯҳи коршиносон, кадрҳои аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини собиқ дар мақомҳои баландпоя таъиншуда, ғайриҳирфаӣ будаанд, гурӯҳи дигари таҳлилгарон мегӯянд, асоси рушди ҷомеаи мардумсолорӣ рақобату гуногунандешист ва мебояд дар шохаҳои ҳукумат дигарандешон ва намояндагони ҳизбу созмонҳои мухолиф низ сари кор оянд. Дилбар Самадова, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон: «Ман гумон мекунам, ки будани ҳар гуна мухолифин дар идоракунии давлат аз фоида холӣ нест. Ба ҳар ҳол агар ки сӣ фоизи квотае, ки аз ҷониби ҳукумат ба мухолифин дода шуда буд, агар пурра иҷро мегардид, гумон мекунам, ки як таъсири хуб ба низхоми давлатдорӣ мерасид. Гумон мекунам, яке аз шартҳои асосии нигоҳ доштани сулҳ ҳам ҳамин бояд бошад».



Вале иддае аз коршиносон мегӯянд, худи мақомоти Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин ҳангоми пешниҳод ба мансабҳо аз рӯйи принсипи муносиботи шахсӣ, қавмӣ ё маҳаллӣ кор мегирифтанд, ки барои ин амал ҳамеша ҳукумати вақтро мавриди интиқод қарор медоданд. Ва ин ҳам як иштибоҳи мухолифини пешин буд, ки натавонист бо ин гуна бархӯрд, шумори бештари намояндагони худро дар мақомоти давлатӣ ҷой диҳад.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон: «Баъди мансаб гирифтан, аксари онҳое, ки аз ҳисоби нерӯҳои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон ба ишғоли вазифа пешниҳод шуда буданд, аз ҳамкории оянда бо ин Иттиҳоду бо ҲНИТ даст кашиданд, мисли Раҳим Каримов, ки масалан ба ҳайси ҷонишини директори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият дошт, мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳатто мисли Сангинов, ки муовини вазири корҳои дохили буд. Ин аз он гувоҳӣ медод, ки пешвоёни ошкор ва пешвоёни пасипардагии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аслан аз онҳое, ки дар ҳукумат мансаб медиҳанд ва онҳоро аз рӯйи маҳал тақсимбандӣ кардан айбдор мекунанд, фарқе надоранд. Ман фикр мекунам, ки аз ҷихати дигар пурра иҷро нашудани квотаи сифоиза ба манфиати Тоҷикистон буд».



Аммо пас аз интихоботи ахири раёсати ҷумҳур, дар тирамаҳи соли 2006, афроде, ки аз ҳисоби саҳмияи 30-дарсадаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба мақомоти давлатӣ омада буданд, аз вазифаҳояшон барканор шуданд. Аъзои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки баъзеи онҳо соҳиби мансаб шуда буданд, мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Шамсиддин Шамсиддинов, имрӯз паси панҷараи зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд, Ҳабиб Сангинов, собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ ва Отахон Латифӣ, раиси зеркомиссияи Оштии миллӣ кушта шуданд ва гуфта мешавад, ҳамин ахиран нисбат ба Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирорӣ ва намояндаи мухолифини пешин низ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳоло аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин дар ҳукумати Тоҷикистон касе намояндагӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG