Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокира барои таъсиси Фаластини мустақил имкон дорад?


Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки ҳайъатҳои Иттиҳодияи Аврупо, СММ, Русия ва ИМА имкони таъйини Тонӣ Блейр ба мансаби фиристодаи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Ховари Миёнаро арзёбӣ кунанд. Сар аз рӯзи чоршанбеи 27 июн Блейр аз вазифаи сарвазири Британия ба истеъфо меравад ва ба ақидаи бисёриҳо ӯ беҳтарин намояндаи чоргона дар Ховари Миёна хоҳад буд. То моҳи апрели соли 2006-ум собиқ раҳбари бонки Ҷаҳонӣ Ҷеймс Вулфенсон ин вазифаро бар ӯҳда дошт.

Рӯзи сешанбе дар Шарм-уш-шайхи Миср раҳбарони Миср, Урдун ва Исроил аз раҳбари идораи мухтори Фаластиниҳо Маҳмуд Аббос пуштибонӣ намуданд. Дар ин нишаст сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт изҳор намуд, ки эҳтимол давлати яҳудӣ 250 маҳбуси фаластиниро аз зиндон раҳо намояд.
Ҳамос ин тасмими Исроилро мавриди интиқод қарор дод. Ба қавли Самиъ Абу Зуҳрӣ сухангӯи ин ҷумбиши исломӣ мулоқоти Шарм-уш-шайх ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ чизе ба бор наовард. Абу Зуҳрӣ ҳамчунин шикоят кард, ки дар байни 250 маҳбуси раҳошаванда ягон нафар аз Ҳамос нест. Ҳамаи онҳо аъзои созмони Фатҳи Маҳмуд Аббос ҳастанд.

Дар айни замон сухангӯи Ҳамос даъвати музокироти миёни фаластиниҳоро хуш пазироӣ намуд: "Мо аз даъвати президенти Миср Ҳуснӣ Муборак пиромуни муколамаи миёни фаластиниҳо қадрдонӣ мекунем. Мо умед дорем, Маҳмуд Аббос, ки ҳама вақт ин қабил даъватҳоро рад менамуд, пешниҳоди муколамаро қабул мекунад".
Рӯзи якшанбе ҳукумати Исроил тасмим гирифт, ки пули аз ҷамъи андоз ба даст омадаи фаластиниҳоро озод кунад. Аз моҳи январи соли 2006-ум, яъне аз замони сари қудрат омадани ҷумбиши Ҳамос Исроил ин маблағҳоро дар дасти худ нигаҳ медошт. Ба қавли баъзе шореҳон дар нишасти рӯзи душанбе Олмерт ва Аббос дар бораи ба истилоҳ " оғози нав" сӯҳбат карданд. Вале бо ишора ба мавқеи заифи ҳар ду раҳбар тахмин намеравад, ки Олмерту Аббос ба ҳамин зудиҳо музкоироти ташкили давлати мустақили Фаластиниро шурӯъ намоянд.
XS
SM
MD
LG