Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи нави мубориза бо HIV/AIDS


Дар миёни онҳо кормандони сохторҳои давлатии мубориза бо маводи мухаддиру СПИД ва намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд. Дидгоҳи бархе кишварҳои ғарбиву аврупоӣ ва СММ, ки дар ин нишаст баррасӣ шуд, ин аст, ки бо роҳи кам кардани шумори мӯътодони тазриқии маводи мухаддир мешавад ба таври мустақим ба коҳиши мавридҳои олудагӣ ба СПИД даст ёфт. Мӯътабар Воҳидова, корманди раёсати Маркази мубориза бо нашъмандӣ ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон як ширкатдори нишасти Праг буд. Ӯ мегӯяд, бархе давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ имрӯз шеваи истеъмоли қурси методонро дар миёни нашъмандони тазриқӣ ҷорӣ карда, бо ин роҳ, мизони олудашавии онҳоро ба СПИД коҳиш додаанд. Хонум Воҳидова мегӯяд:

"Дар тамоми дунё бештари шахсоне, ки ба вируси заъфи масунияти бадан гирифтор мешаванд, онҳое ҳастанд, ки нашъаро тавассути сӯзандору истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон ҳам инчунин 70 фисади шахсоне, ки гирифтори бемории HIV ҳастанд, он шахсоне ҳастанд, ки сӯзандору истифода мебаранд. Бинобарин, мо мехоҳем, ки дар Тоҷикистон ҳам аз ҳамин методи нав, яъне ивазкунии сӯзандору бо қурс истифода барем. Ин метод чаро хуб аст? Шахсе, ки нашъа истеъмол мекунад, онро ба шакли қурс, на бо роҳи тазриқӣ истифода мебарад ва бо ин роҳ мо метавонем пешгирӣ кунем, ки шахсони дигар аз истифодаи чандинбораи як сӯзандору худдорӣ намоянд, ва бо ин роҳи густариши ин бемориро гирем"

Методонро Созмони ҷаҳонии беҳдошт ду соли пеш ба гурӯҳи маводи аслии дорувор ворид кардааст, аммо бо ин вуҷуд, тибқи муқаррароти баъзе кишварҳо, аз ҷумла аксар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, мисли Русияву Тоҷикистон, методон ҳанӯз ҳам ба гурӯҳи доруҳои дорои маводи мухаддир шомил мебошад. Аз ин лиҳоз, аксар мутахассисони СПИД дар ин кишварҳо ташаббуси корбасти шеваи нави коҳиши нашъамандиву олудагӣ ба СПИДро тавассути истеъмоли методон номумкин медонанд.

"Методон ҳам ба гурӯҳи доруҳои нашъадор шомил аст ва бинобарин, мушкилоти мо дар Тоҷикистон барои истифодабарӣ аз ин метод ин аст, ки ин қурсҳо дар рӯйхати он давоҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон зери назорат, зери назорати шадид ҳастанд. Аслан аввалин қурсе, ки барои иваз намудани ҳероин истифода мешавад, методон аст".

Баъзе мухолифони ҷорисозии муолиҷаи алтернативӣ мегӯянд, ки истеъмоли методонро ширкатҳои бонуфузи дорусоз ба хотири даромадҳои молиашон таблиғ мекунанд ва аз ҳамин хотир, ба ин метод бо шубҳа менигаранд.
Аммо дар Қирғизистон, ки ин метод муддатест таҷриба мешавад, баъзе натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст. Мутахассисони зиддиспиди ин кишвар мегӯянд, ки тавассути истеъмоли методон дар миёни гурӯҳи мушаххаси мӯътодони тазриқӣ хатари истифодаи чандинбораи як сӯзандору аз ҷониби чанд нафар аз байн бурда шуда ва ин афрод дар баробари СПИД то андозае ҳимоят шудаанд.
Ҳана Новотна, раиси созмони чехии Academia Medica Pragensis дар шаҳри Прага ва яке аз ташаббускорони ин конфронс мегӯяд, ки ҷорисозии методи нави ҷойивазкунии маводи маъмулии мухаддир бо маводи камзарари дигар, мисли методон, пеш аз ҳама барои наслҳои оянда зарур аст.

"Табобати алтернативӣ ва муолиҷаи HIV дар ҳар кишвар як масъалаи сахт аст. Ин на танҳо масъалаи сиёсӣ, иқтисодӣ ё башарӣ аст, балки инчунин он ба сарнавишти наслҳои минбаъда - фарзандону наберагони мо робита мегирад, ва аз ин лиҳоз ташкили чунин ҳамоишҳо ба хотири тағйир додани назару андешаҳо хеле муҳим аст. Намояндаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва барномаи рушди СММ баъдан аз ин гуна нишастҳо ва радду бадали мутахассисони ҳар кишвар барои худ чизи нав меомӯзанд".

Аммо ҳоло дар Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо мусоидати кишварҳои содиркунандаи нафт - ОПЕК - барномаи коҳиши хатари олудашавӣ ба СПИД бо методҳои анъанавӣ идома дорад. Ин барнома ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро дар бар гирифта, барои пиёдасозии он тӯли чаҳор соли оянда чаҳор миллион доллар тахсис дода шудааст. Илова ба ин, ба қавли хонум Мӯътабар Воҳидова аз СММ Тоҷикистон, Қазоқистон ба ин барнома ба маблағи ду миллион доллар кӯмаки фаннӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ин барнома дар миёни мӯътодони тазриқӣ ва зиндониён роҳандозӣ мешавад. Оид ба вазъи олудагӣ ба СПИД ва мӯътодӣ ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон вай гуфт:

"Таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон 20 ҳазор нашъаманд аст ва аз ин 15 ҳазор нашъаманде, ки аз сӯзандору истифода мебаранд. Вале дар асл, тақрибан 1800 нафар дар муассисаҳои клиникии наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд. 756 нафар беморони гирифтори HIV дорем, ки аз онҳо 70 фисадашон ин бемороне ҳастанд, ки нашъаро тариқи сӯзандору истеъмол мекунанд. Аз 756 гирифтори HIV дар Тоҷикистон 623 нафарашон мардҳо буда 133 нафарашон занҳо мебошанд. Синни асосии онҳое, ки ба HIV гирифтор шудаанд, аз 24 то 40-сола мебошад".

Хонум Воҳидова афзуд, ки ҳар сол дар Тоҷикистон шумори мӯътодони маводи мухаддир 15 дар сад афзоиш меёбад. Дар масъалаи олудашавӣ ба СПИД илова ба муҳоҷирати кории мардум ба хориҷа, инчунин хатари интиқоли хуни бемор ба шахси солим ҳам аз дигар масоили мавриди нигаронӣ дар ин замина боқӣ мемонад. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон чандон зиёд роиҷ нестанд.
XS
SM
MD
LG