Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиряи модарони тоҷик дар назди дафтари СММ


Ҷамъияти беш аз 20-нафараи модарони размандаҳои зиндонии мухолифин дар назди қароргоҳи дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Душанбе ҳудуди 15 дақиқа ҳузур доштанд ва талош бар он намуданд, то бо намояндаи Созмони Милал дар Тоҷикистон Владимир Сотиров мулоқот анҷом диҳанд. Ин гурӯҳи модарон қаблан чанд нома ба унвони раиси ҷумҳур бо дархости афви фарзандони худ размандагони зиндонии мухолифини собиқ ирсол карда ва эъломи афви ахир аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун вокуниш ба дархости худ истиқбол карданд. Аммо имрӯз пас аз ду рӯзи ба тасвиб расидани Қонуни афв, эътирози онҳо дубора баланд шуд. Аз Абдукарим Бекмуродов, падари яке аз размандагони зиндонӣ пурсидам, бо ин вуҷуд ки қонуни афв ба имзо расид, дигар эътирози шумо аз чист? У мегӯяд: «Ҳадафи мо аз ин ҷо омадан ин аст, ки шикоятҳои мо ба инобат гирифта намешаванд, омадем ба дафтари Созмони Милал то барои афви фарзандони мо, ки ба гуфтаи мақомоти интизомӣ ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, мусоидат кунад. Мо аз Президент ҳам чанд бор расман хоҳиш карда будем, ки бачаҳои моро афв кунад. Аммо дар ин қонуни афв мутаассифона, ҷиноятҳои вазнин ягонтоаш дохил нашуданд. Мо дигар намедонем чӣ кунем ба ҷуз ин ки ба дафтари Созмони Милал оем»





Аммо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, ки ин кумита дар рӯ ба рӯйи сохтмони намояндагии Созмони Милал мустақар аст, ҳамроҳ бо мақомоти милиса ба маҳалли ҷамъомад ҳозир шуда ва барои сабти садои модарон ба хабарнигорон монеъ шуданд. Ва аммо модарон дар посух ба суоли кормандони милиса, ки оё чаро барои баёни иддао ба дафтари Созмони Милал омадаанд ва ҳадафашон чист,гуфтанд: «Медонем, ки фарзандони мо афв намешаванд, ҳамин Созмони Милалро мехоҳем мусоидат унад, ки фарзандонамон раҳо шаванд аз зиндонҳо, онҳо иштибоҳ кардаанд, дигар такрор намекунанд" «Бачаи ман дар бозор менишаст, «Қуръон»-хон буд, ӯро бо гуноҳҳои бофта маҳкам кардаанд» Дигарӣ мегӯяд: «Мо адвокат надорем, то ба мо ин қонунро хуб фаҳмонад, аммо то ҷое дарк кардем, ин қонун пайвандони моро аз маҳбас озод намекунад. Мушкил ин аст, ки мо пул надорем, то ба адвокат муроҷиат кунем, то аз ҳуқуқамон дифоъ кунад Президенти мӯҳтарамро илтимос мекунем, мӯҳлати ҷазои фарзадамро кӯтоҳ кунад, то оянда ба дидораш расам»



Дар ҳамин ҳол Владимир Сотиров, раҳбари дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал, танҳо як раиси Кумитаи сабтиномнашудаи волидони маҳбусин бо номи «Орзу» Ҳуснорои Аҳмадро ба ҳузур пазируфт ва иддаои ҷамъомадагонро шунид. Ҳуснорои Аҳмад: «Ҳамин дархости модарони маҳбусинро ба Сотиров расонидам. Дарди дили қариб ҳазор модареро, ки фарзандаш дар кунҷи зиндон ва мо дар орзуи дидани рӯяш ҳастем. Оқои Сотиров ваъда кард, ки ба Ҷаноби Олӣ мерасонад хоҳиши моро. Аммо то ба ҳадде расидаам, ки дигар ба касе бовар надорам»



Ҷаноби Владимир Сотиров дар сӯҳбат бо хонум Ҳусноро гуфтааст, ки масъалаи афви размандагони зиндонии оппозитсиюни собиқро дар дидори қарибулвуқӯъи худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар миён хоҳад гузошт. Наздиктарин дидори Владимир Сотиров бо Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзи душанбеи 25-уми июн дар як ҳамоиши густарда ба хотири таҷлил аз 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост меояд.Ва аммо пас аз чанд дақиқаи ҳузури модарон дар назди бинои намояндагии Созмони Милал, кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамаи онҳоро дар як мусофиркаши хурди махсус нишонда ва ба идораи худ бурданд. Муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоилии Сомонӣ ҷаноби Толибов гуфт, даъвати модарон ба шӯъбаи корҳои дохила танҳо барои фаҳмидани мақсади ҷамъомади онҳо будааст: «Ростӣ, хешу таборон ва фарзандони ин модарон бо бандҳои ба истилоҳ «вазнин», мисли куштор, куштори барқасдона, роҳзанӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ғайра ба зиндон равона шудаанд ва зимнан, қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи афв» раҳоӣ аз зиндон ва ё коҳиши маҳкумияти онҳоро пешбинӣ накардааст. Аз ин рӯ, ин модарон бо мақсади ин ки фаҳманд, пурсанд, ки чаро пайвандонашон афв намешаванд, ба назди бинои дафтари СММ омадаанд. Агар онҳо фикри ғаразнок, ё митинги ғайриқонунӣ карданӣ мешуданд, моро мебоист бештар таҳқиқ бикунем ин қазияро ва муассисони онро пайдо намоем, аммо ин модарон чунин мақсад надоштаанд».
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, яке аз модарон ба радиои Озодӣ сим зада ва гуфт, онҳоро мақомоти интизомӣ пас гирифтани баёнот оид ба аҳдофи ҷамъомадашон дар назди дафтари мусоидат ба сулҳи СММ ва зикри ному насаб ва макони зисташон раҳо кардаанд. Бонувон мегӯянд, нисбат ба онҳо тазйиқу фишор раво надидаанд.
XS
SM
MD
LG