Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шореҳи Озодӣ - раиси Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиш


Ба тарафдории ӯ вакилони конфронси ҳисоботию интихоботии ин анҷуман, ки дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, якдилона раъй доданд.

Фаъолияти шореҳии ин хабарнигори варзида соли 1969 оғоз ёфтааст. Вай, аслан, ба ҳайси шореҳи футбол маъруф аст ва, бахусус, бо гузоришҳояш аз ҷараёни бозиҳои дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе тавассути телевизиону радиои Тоҷикистон ба дили ҳазорҳо мухлисони футбол роҳ ёфтааст.

Вай поягузори барномаҳои варзишии «Спорт» , «Майдон аз далер аст», «Офарин», «Шарҳи футбол» ва «Олами варзиш»-и Телевизиони Тоҷикистон мебошад. Бо ибтикори Нарзуллоҳи Латиф соли 1998 ҳафтаномаи «Футбол» ва соли 2001 рӯзномаи «Варзиш - Спорт» таъсис ёфтаанд, ки вай аввалин сармуҳаррири ин нашрияҳо буд.

Исми ӯ, ҳамчун беҳтарин журналисти риштаи варзиши Тоҷикистон дар қарни ХХ, ба китоби «Энсиклопедияи Душанбе» ( соли 2004 ) ворид гаштааст.

Ин шореҳи пуртаҷриба панҷ сол аст, ки тавассути гузоришҳои ҳаррӯзааш дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ шунавандагонро бо вазъи варзиши тоҷик ва дастовардҳои варзишгарони кишвар ошно месозад. Маҷаллаи нави «Ҷаҳони варзиш» дар радиои Озодӣ бо заҳмати ӯ ҳафтае се маротиба ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф, ки бо ибтикори ӯ соли 2001 Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон таъсис ёфта, оинномаи он дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудааст, то соли 2012 вазифаи раиси ин анҷуманро ба ӯҳда хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG