Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти иттилоотии Тоҷикистон: Таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолӣ


Пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишварҳои бегона дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон, вуҷуди эҳтимоли иштибоҳ дар кори системҳои омори давлатӣ ва қарзию молиявӣ, ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва интиқол додани иттилооти молӣ, биржавӣ, гумрукӣ, иттилоъ дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии давлат, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот, инчунин паҳн шудани маълумоти бардурӯғ оид ба сиёсати давлатии Тоҷикистон аз омилҳое ба шумор мераванд, ки ба амнияти иттилоотии ин кишвар таҳдид мекунанд.




Ин мавзӯъ дар як ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон матраҳ ва баррасӣ шуд, ки аксари иштирокдорони он таъкид намуданд, як худи мақомоти масъули Тоҷикистон дар амри ислоҳи вазъи бавуҷудомада заъифӣ мекунанд. Зеро омилҳои таҳдидбарангез ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон як даҳсолаи ахир вуҷуд доштааст.Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон гуфт, дар шароити имрӯза, ки интернет, моҳвора ва таҷҳизоти фаннии мавҷпарокании телевизион ва радио рушд кардааст ва иттилоъи фаровонро нашру пахш мекунад, ҳифозати комили фазои иттилоотии кишвар кори саҳл нест: «Давлат вазифадор аст таъмин кунад амнияти иттилоотиро. Аммо ин корро як худи давлат наметавонад анҷом диҳад, чунки ҷаҳони имрӯза ин қадар глобалӣ шудааст, ки танзимаш ҳам мушкил гардидааст. Аз ин хотир мо талош дорем, роҳҳои муассири ҳифзи фазои ягонаи иттилоотии кишварамонро пайдо намоем».



Баъзе аз ҳозирин таъкид карданд, ки пахши амвоҷи шабакаҳои мухталифи радио ва телевизионҳои Узбакистону Қирғизистон дар навоҳии марзии Тоҷикистон ва бидуни ҳеҷ мувофиқатнома фурӯши нашрияҳои чопи Тошканд дар вилояти Суғд, метавонад ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон халал ворид кунад. Қироншоҳ Шарифзода, раиси Иттиҳодияи журналистон бо номи «Ҳамкории иҷтимоӣ»: «Ахиран хабар пахш шуд, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон гӯё фурӯши нашрияҳои кишварҳои дигарро мамнӯъ карданд. Ин тасмим шояд бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дуруст бошад, аз ҷиҳати дигар дуруст нест, чунки ҳар як инсон ҳуқуқ дорад ҳар гуна иттилоъро дар ҳар куҷое ки мехоҳад, дастрас кунад... Аммо дар мавзӯъи мавҷҳои радио ва телевизиони хориҷӣ як нозукӣ ҳаст. Агар шартномаҳои байниҳукуматӣ шаванд доир ба пахши ин телевизионҳо, фарз кардем, 50 дар сади барномаҳо ё ҳадди ақал паёмҳои рекламавии онҳо аз они Тоҷикистон шаванд, тавозун риоя мешавад ва ба ин васила аз эҳтимоли тарғиби идеологияи давлати дигар ба сари мо таҳмил намегардад»


Ва ҳамзамон Маҳмудхон Сараев, намояндаи бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур ба ин назар аст, ки агар ҳукумат тавонад ба фаъолияти саҳифаҳои интернетӣ назорат барад, шояд то ҳадде амнияти иттилоотӣ ҳифз шавад: «Бисёр мисолҳоро мо медонем. Масалан, сайтҳои хориҷӣ метавонанд нисбат ба касе ва чизе дилхоҳ маълумотро нашр кунанд ва иттилоъи бардурӯғро пахш кунанд. Аммо мо нисбат ба онҳо мо ягон чора дида наметавонем. Вазифаи давлат ҳам ҳамин аст, ки якҷо бо ташкилоту корхонаҳои хусусиву ширкатҳои дар ҳамин соҳа фаъолият карда истода ҳамин қисмати масъалаи ҳалталабро оид ба таъмини техникии амнияти иттилоотӣ дар ҳамкорӣ онро ҳаллу фасл кунад».



Ва аммо дар рӯзи аввали ин нишаст ба таври мушаххас роҷеъ ба бартараф намудани омилҳои хатарзо ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон сӯҳбат нашуд. Ҷониби ҳукумат бештар дар назар дорад, ки таҷҳизоти фаннии марбут ба паҳншавии иттилоъ ва саҳифаҳои интернетӣ таҳти назорати давлат бошад ва мақомоти зирабти Тоҷикистон оид ба танзими пахши шабакаҳои телевизионии ҳамсоякишварҳо дар манотиқи марзӣ то ҳанӯз як барномаи мушаххас пешниҳод накардаанд.
XS
SM
MD
LG