Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шореҳони варзиш маҳорат такмил доданд


Ин давра бо ибтикори Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб доир гардид.

Раҳбари ин давра Фарид Солеҳов, дабири кулли Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки давраи бозомӯзӣ бо мақсади баландшавии сатҳи касбии хабарнигорони соҳа баргузор шуд.

Ба андешаи хабарнигори соҳа Мирзосафар Шамсиддинов сатҳи касбии бисёре аз шореҳони варзиши тоҷик ҳоло ба талабот ҷавобгӯ нест.

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони шаҳри Кӯлоб бар ин назар аст, ки давраи бозомӯзӣ, бахусус, ба баландшавии сатҳи касбии хабарнигорони минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Бар тибқи барномаи ин давраи бозомӯзӣ, хабарнигорон ҳамчунин бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2008 посухҳои дақиқ гирифтанд.

Ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификат ё шаҳодатномаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ супурда шуд.

Ҷомро кадом даста дарёфт мекунад?

Бозиҳои навбатии Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«ХИМА»-и Душанбе дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 5:4 пирӯз гардид ва акнун бо 9 имтиёз мавқеъашро дар зинаи аввали ҷадвали гурӯҳи «Б» устувор кард.

Дидори «Гвардия»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.

Дар гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 7 имтиёз пешсаф аст.

Мақоми аввали Аҷмал Амиров

Варзишгари маъруфи тоҷик Аҷмал Амиров дар мусобиқоти анъанавии байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи қаҳрамони олимпӣ Александр Косанов, ки ахиран дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор гардид, дар давидан ба масофаи 1500 метр мақоми аввалро касб кард.

.
XS
SM
MD
LG