Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои Борис Немсов ба сиёсати Эмомалӣ Раҳмон


Дар як гуфтугӯе аз Борис Немсов-яке аз раҳбарони мухолифони сиёсии давлати имрӯзи Русия пурсидем, дарвоқеъ мубориза барои тавсеъаи нуфуз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ миёни кишварҳои бузург вуҷуд дорад?

Борис Немсов: "Он чӣ ба мубориза иртибот мегирад, ин аст, ки мубориза идома дорад ва муборизаи шадид. Барои касе пинҳон нест, ки Путин ва Кремл бар ин ақидаанд, ки ин минтақа соҳаи анъанавии манофеъи Русия аст. Агар ба торих нигарем, аз замони Александри 2, ки Осиёи Марказиро ба итоъати худ даровард, ин навъе қаламрави таҳти ҳимояти Русия ба шумор меравад. Ин ҳамчунин як навъ ностолжӣ аз даврони Шуравист. Чунин андешаро на танҳо Влодимир Путин дар сар мепарварад, балки милёнҳо нафар мардуми Русия низ ҳамин ақидаро доранд.

Ба ҳамин далел, аз мавзеъгирии давлати Русия нисбат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аксари мардуми Русия ҷонибдорӣ мекунанд. Масалан ба русҳо писанд аст, ки лашкари 201-и онҳо дар Тоҷикистон мустақар аст ва ҳама ҷо ором аст, қочоқи маводи мухаддирро дар марз бо Афғонистон назорат мекунад. Миқдори ками ҳероин ба Русия ворид мешавад. Инҳо ҳама афсона аст, вале дар ҷомеъаи Русия ҳамин нуқтаи назар мавҷуд аст".


Дар идомаи посух ба ин суол дар бораи мавзеъгирии кишварҳои бузург нисбат ба Осиёи Марказӣ оқои Немсов роҷеъ ба мавзеъгирии Амрико дар Осиёи Марказӣ чунин изҳор дошт:

"Амрикоиҳо Осиёи Марказиро бо ду сабаб минтақаи муҳим медонанд. Аввал: Афғонистон ва Ирон ва дуввум, манобеъи энержии минтақа, ки дар қадами аввал Туркманистон ва Қазоқистон дар назар дошта мешавад. Амрикоиҳо воқеъбин ҳастанд. Онҳо дар ҳамин солҳои ахир фаҳмиданд, ки таъмини амнияти энержӣ ва мубориза бо терроризм ҳузури онҳоро дар Осиёи Марказӣ ҳатмӣ мекунад. Ман фикр намекунам, ки Амрико аз ҳар тараф Русияро муҳосира кунад ва Осиёи Марказиро ба унвони пойгоҳ ё платсдарм барои ворид овардани зарба ба Русия истифода кунад. Ин ёвабофист ва танҳо КГБ-шникҳо инро мегӯянд."

Борис Немсов ҳангоме, ки дар бораи истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ суҳбат мекард, хотирнишон сохт, ки кишварҳои минтақа ҳам заминаҳои иқтисодӣ ва ҳам заминаҳои сиёсии истиқлолият доранд:

«Дар навбати аввал ман Қазоқистон ва Туркманистонро дар назар дорам. Дар он ҷо режимҳои хуб дар сари кор нестанд, одамонро мекушанд. Бо вуҷуди ин аз лиҳози тавоноии иқтисодӣ онҳо метавонанд мустақил бошанд. Дар Узбакистон ҳам агар сиёсати беъақлонаи Каримов набошад, ин кишвар ҳам метавонад мустақил бошад. Манзури ман ин аст, Каримов тиҷорату соҳибкориро мекушад".

Радиои Озодӣ: Аммо дар бораи Тоҷикистон чӣ тавр?

Борис Немсов: "Дар бораи Тоҷикистон: Муттаасифона ин кишвар ҷангро паси сар кардааст ва нодор аст. Танҳо имконе, ки ин кишвар дорад, зиндагии осоишта ва барқарории иқтисод аст. Оқои Раҳмон то чӣ андоза ба шароити кунунии раҳбарӣ мутобиқ аст? Назари ман ин аст, ки вай ин корро наметавонад анҷом диҳад. Албатта Дерипаска мехоҳад сармоягузорӣ кунад, Чубайс талош дорад, корҳое анҷом диҳад, вале муҳим ин аст, ки мардум бояд озод бошад ва даромад ба даст орад. Дар сурати ғайр ман намедонам, ки ин кишвар аз чӣ роҳе пеш хоҳад рафт".
XS
SM
MD
LG