Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълулӣ на ҳамеша ҳукм аст


шаҳри Душанбе Тибқи итилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон имрӯз 11 000 кӯдаки маълули аз пои равон маҳрум ба қайд гирифта шудааст, ки ба назари коршиносон аксари кулли онҳо аслан аз таҳсил ва хизмати хуби тиббӣ маҳруманд. Вале оё масоъили ҷисмӣ ба ҳамаи онҳо ҳукм кардааст, ки даст аз зиндагии нафъовар бишӯянд?

Қаҳрамони ҳикояти мо - Хайём, як навраси маълули тоҷик, ки 15 сол боз аз пои равон ва дасти гиро маҳрум аст.

Дар оила, мутаассифона, танҳо ӯ маълул нест - бародари дигари 16-солааш Хусрав низ фалаҷ аст.

Хусрав ва Хайём аксари вақти худро ба мутолиъаи китобҳои бадеъӣ гузаронида, баъзан шеър ҳам эҷод мекунанд. Хусрав мегӯяд, ки дар дил орзуи шоир шуданро дорад ва мехоҳад дарду рӯзгори атфоли маъюбро ба риштаи назм кашад: «Барои ҳамин ҳам ман ҳар рӯз 3 - 5-соатӣ китоб мехонам».

Хонум Покизамоҳ, модари Хусрав ва Хайём, нақл мекунад, ки қаблан фарзандони ӯ аз зиндагӣ дилсард буданд ва, гузашта аз ин, зиёд аз мавҷудияти худ шарм медоштанд. Вале, хушнудона меафзояд ӯ, баъди ҳамкории созмони ҷамъиятии «Бунёди некӣ» дар дили писаронаш умед ба зиндагӣ дубора фурӯзон гаштааст.

Модар ҳамчунин нақл кард, ки кӯдакони ба гӯшаи фаромушӣ афтодаи дар хона танҳо бо ташаббуси ин созмон ва кумаки омӯзгори вижа таълим мегиранд: «Фарзандонам ҳозир худашонро дигар хел ҳис карда истодаанд. Як муаллиммаи меҳрубон доранд, ки ҳар дафъа баъди машғулиятҳои ӯ бачаҳо худашонро хушбахт ҳис мекунанд. Ба зиндагӣ дилгарм шуда, фахр мекунанд, ки онҳо ҳам ба ҷомиъа зарур будаанд. Ман аслан тассавур намекардам, ки фарзандонамро, масалан, ба тамошои Варзоб хоҳам бурд ё онҳо дар ягон маҳфил ширкат кунанд».

Модар меафзояд, барои инкишофи ҷисмонии фарзандонаш табибон тавсия додаанд, ки бояд пайваста бачаҳо бо ғизои солим ҳамеша таъмин бошанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, таъмини оилаи шашнафараи онҳо ба уҳдаи танҳо шавҳараш будааст, ки барои кораш маоши ночизе мегирад. Ҳукумат ҳам ба онҳо кумак намекардааст, ҳол онки фарзандонаш барои маълулиашон ҳамагӣ 30 сомонӣ нафақа мегиранд.

Хонум Покизамоҳ боз шикоят мекунад: «Доим ба воситаи телевизион мешунавем, ки ба маъюбон кумак карда истодаанд, вале мо ин кумакро намебинем, танҳо мешунавем. Мо, бовар кунед, ба он сахт ниёз дорем. Ғизои хуб ва доруҳои зарурӣ нест. Аз ҳамин сабаб ҳам фарзандонам ончунон беқувватанд, ки ҳатто вақти онҳоро бардоштанам се бор устухони пояшон шикаст... »

Ҳамтақдирҳои Хусрав ва Хайём дар Тоҷикистон кам нестанд. Дар оилаи Исматовҳо, масалан, се фарзанди маълул ба сар мебаранд. Зиндагии ин кӯдакон низ, ба гуфтаи худашон, беранг сипарӣ мегаштааст ва ҳатто яке аз онҳо боре қасди худкушӣ кардааст. Вале, хушбахтона, таваҷҷуҳ ва ғамхории мураббиёни «Бунёди некӣ» низ ин наврасонро аз гӯшаи хона ба ҳалқаи хуби дигар ҳамтоёни худ кашидааст.

Саидмавҷуд, фарзанди дувуми ин хонадон, 16 сол дорад ва дар инҷо ҳунари мошинчасозиро аз худ кардааст. Ин писарак изҳор кард, ки мехоҳад дар оянда корхонаи азиме бисозад ва аз даромади он ба атфоли бепарастори маъюб, ки кам нестанд, кумак кунад: «Насиб бошад, мехоҳам як корхонае таъсис диҳам, ки танҳо маъюбон дар онҷо дарс хонанду кор кунанд».

Сафармоҳ низ, ки аз Саидмавҷуд ду сол бузургтар аст, наметавонад роҳ гардад, вале ҳунари зардӯзӣ ва тоқидӯзиро дар як маҳфили «Бунёди некӣ» омӯхтааст ва акнун мехоҳад барои арусон тоқӣ бидузаду бо маблағи дарёфткарда ба падараш дар таъмини оила кумак кунад.

То созмони «Бунёди некӣ», ба қавли худи духтарак, ӯ ҳатто хондану навиштан ҳам наметавонистааст. «Аввал хондану навиштанро наметавонистам, ҳоло озод мехонам, - мегӯяд Сафармоҳ ва як дилпурӣ меафзояд. - Медонед, ман ҳозир имзо карда ҳам метавонам, боз чандин кори дигар аз дастам меояд».

Чунонки маълумамон шуд, феълан ба ин оилаҳо созмони ҷамъиятии «Бунёди некӣ» ба ҳадди имкон кумак мекардааст. Ин созмон дар ҳоли ҳозир ба 74 тифли маъюб дасти мадад дароз мекунад. Маҳмадсиддиқ Раҳмонов, раҳбари ин созмон, мегӯяд, ҳадафи аслии онҳо омӯзонидани касбу ҳунар ба атфоли маъюб аст, то онҳо тавонанд дар оянда тавассути меҳнати худ барои зиндагиашон маблағе ҳам дарёфт кунанд: «Худи маъюбон мегӯянд, ки то кай мо барои волидонамон мушкил эҷод мекунем. Мо ҳам дасту ақл дорем ва метавонем кори муфидеро анҷом диҳем ва чун одамони солим пул кор кунем».

Дар ҳамин ҳол, тибқи итилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон 11 000 кӯдаки маълули аз пои равон маҳрум ба қайд гирифта шудааст, ки ба назари коршиносон аксари кулли онҳо аслан аз таҳсил ва хизмати хуби тиббӣ маҳруманд.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG