Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карл Маркс ё Сангак Сафаров: Кӣ қаҳрамон ва кӣ на?


Номгузорӣ бар шаҳру хиёбону деҳоти кишвар то ҳанӯз идома дорад...

Дуруд бар шунавандаи гиромӣ! Ба маҷаллаи навбатии фарҳанг ва андешаи Радиои Озодӣ хуш омадед. Дар тӯли ним соати барои ману шумо ҷудошуда, мустамеъи гиромӣ, акнофи як мавзӯъ, вале хеле домандор, ному номгузорӣ бар шаҳру маҳаллот ва нуқоти ҷуғрофӣ сӯҳбат хоҳем кард.

Санъатшиносон мегӯянд, ном ҳусн аст. Номи хуб, дилчасп, баландмазмун, ширин ва латиф бар нафаре гувоҳ аз волидайни фарҳангпарвардаи ӯст. Вале номи зебо бар шаҳру русто нишон аз лутфпарварии миллатест. Бубинед, номҳои Самарканд, Бухоро, Бадахшон, Кӯлоб, Рашт, Зарафшон, Истаравшан чи гуна зебову гӯшнавозанд. Пролетару, Масковский, Чкаловску, Булъварная ва ҳатто Протопоповная чи?

Устод Шаҳриёрӣ, олими иронӣ мегӯяд, тағйири номҳои ҷуғрофӣ барои ҳар миллат паёмади сангин ва хатарзо дорад:

«Бубинед, дар Осиёи Марказӣ, дар мавзеъе, ки таърихан моли ориён, тоҷикон аст, номҳои ҷуғрофӣ табдил шудаанд, ба туркиву муғулӣ, русӣ. Бовар кунед, ки ин паёмади баде дорад, барои таърихи миллати тоҷик. Бояд як коре кард, ки исмҳои ориёӣ, тоҷикӣ барқарор шаванд ва дар ин кор бояд давлатҳои форсизабон- Ирону Тоҷикистон ва Афғонистон низ ба олимон кӯмаки молӣ кунанд. Таърихи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ бояд аз дигар навишта шавад!»

Мардумшиносон мегӯянд, номҳои сунъӣ то ҳанӯз шаҳодатномаи миллӣ надоранд, зеро ба адабиёти шифоҳӣ ҳеҷ роҳ набурдаанд. Басташавии дарҳои мустаҳками дарвозаи фолклор ба рӯи ҳар номи сунъӣ худ гувоҳ аст, ки ин унвонҳо садафи хотираи миллати фарҳангхезро нашкаставу гавҳари онро ба даст наовардаанд.

Дилхоҳ осори шифоҳии мардумиро варақ занед ва бо абёти «Рафтам ба Қаротегину дидам Ғарма», «Масчоба мурам, шамоли Масчоба мурам», «Зи Фархор омадам, овора хаста»... вомехӯрем.

Ба гунаи мисол, як номи хушсадои Дараи Камаров ба таърихи санъат роҳ бурдааст, ки Акашариф Ҷӯраве мехонд:
«Чархофалако маро ба чарх овардӣ, Кӯлобӣ будам маро ба Балх овардӣ»...

Ин ҳама аз даҳон ба даҳон мегардад. Вале оё боре шунидаем, Пролетарба мурам ва ё Масковскигӣ будам маро ба Чкаловск овардӣ?...

Санъатшиносон мегӯянд, асмоъи сунъӣ будаанд ин ҳама. Ва аммо ба оҳистагӣ ин номҳо аз миён бардошта мешаванд. Ба гунаи мисол, агар дар водии Рашт, номҳои тамомии навоҳӣ тағйир ёфтаанд, пас дар водии Кӯлоб деҳоту кӯчаву хиёбонҳо пурра аз номҳои қаҳрамонҳои инқилоби октябрии русӣ дар авоили асри пор орӣ шудаанд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, руфтани номҳои инқилобиёни рус - воқеан ҳам ба думболи барчидани ҳайкалҳои онҳо маънии бозомӯзии таърихи асри гузашта ва шинохти он инқилобро ба ҳайси як ҳаракати ишғолгарои русиро дорад.

Роҷеъ ба ин ва дигар мавзӯъоти марбут ба номгузорӣ маҷаллаи Фарҳанг ва Андеша мизигирди сайёре дошт дар шаҳри Кӯлоб бо ҳузури уламову масъулини шаҳр, ки бо пахши рамзи радио дар паҳлӯи сарлавҳа онро метавонед бишнавед.

Ҳамчунин, дар ин барнома гузорише ҳам дорем аз водии Рашт. Воқеан ҳам дар ин мавзеъ бархе аз навоҳӣ то 3 бор тағйири ном кардаанд. Ва агар дар бархе маврид номҳои русии қаблӣ мисли Орҷонокидзеобод ва Комсомолобод ба номҳои таърихиву гӯшнавоз амсоли Кофарниҳон ва Дарбанд иваз шуданд, аммо бо сабабҳои номуайян боз ҳам тағйири ном кардаву Ваҳдату Нуробод гаштаанд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки аз ҳама бештар нуқоти ҷуғрофӣ ва навоҳиву маҳаллоту кӯчаҳо дар водии Кӯлоб тағйири ном кардаанд. Дар ин мавзеъ деҳоту хиёбоноҳе буданд, ки баъд аз Ленину Карл Маркс шудаанд Сангак Сафарову Лангариву Рустами Абдураҳим ва дигару дигар вале бозпас ҳама боз ном иваз кардаанд бар асмоъи гушнавози тоҷикӣ... Коршинсоон мегӯянд, иавази ному унвонҳои маҳаллот дар ин мавзеъ дар бештари маврид ба сиёсат бастагӣ дорад. Рамзи радио дар паҳлӯи сарлавҳаро зер бикунед ва ин барномаро бишнавед.
XS
SM
MD
LG